Раиси Суғд ба мушкилоти сокинони Мастчоҳ расидагӣ кард

Ахири ҳафтаи гузашта раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба сафари корӣ аз ноҳияи Мастчоҳ боздид намуд. Дар ҷараёни сафар дар ҳавлии техникуми кишоварзии ноҳия маросими қабули сокинони маҳаллӣ аз ҷониби раиси вилояти доир гардида, дар он муддати зиёда аз 5 соат Абдураҳмон Қодирӣ арзу шикояти аҳолиро шунид. Дар чорабинии мазкур мансабдорони ҳукумати вилоят, намоянагони васоити […]

Абдуҳафиз Маъруфов



Ахири ҳафтаи гузашта раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба сафари корӣ аз ноҳияи Мастчоҳ боздид намуд.

Дар ҷараёни сафар дар ҳавлии техникуми кишоварзии ноҳия маросими қабули сокинони маҳаллӣ аз ҷониби раиси вилояти доир гардида, дар он муддати зиёда аз 5 соат Абдураҳмон Қодирӣ арзу шикояти аҳолиро шунид.

Дар чорабинии мазкур мансабдорони ҳукумати вилоят, намоянагони васоити ахбори оммаи ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ ва ҳамчунин сокинони ноҳия ширкат варзиданд. Ба раиси вилоят 60 нафари пешакӣ номнависшуда ба савол ва мушкилоти мавҷудаи мушаххас муроҷиат намуданд. Саволу мушкилот аслан ба масоили замин, таъминот бо об ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ марбут буданд. Якчанд нафар бо дархост кумаки моддӣ муроҷиат намуданд.

Аксари саволу пешниҳоди аз ҷониби сокинони ноҳияи Мастчоҳ зикргардида бевосита зимни қабул ҳаллу фасл шуда, дигар масъалаҳо аз ҷониби комиссияи махсус баррасӣ ва мавриди омӯзиш қарор мегиранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.