Аз замони боздошти Александр Содиқов дар шаҳри Хоруғ, ки КДАМ Тоҷикистон ӯро ба ҷосусӣ гумонбар медонад, 72 соат сипарӣ шуд, вале ба оилааш аз куҷо будану дар чӣ ҳол қарор доштани ӯ хабаре нарасидааст.
Ҳамсари боздоштшуда Мушарраф Содиқова ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки ӯ аз тақдири Александр огаҳие надорад. «Ман ва модари Содиқов аз боздошти ӯ рӯзи 16-уми июн дар шаҳри Хоруғ дар ташвишем. Аз замони боздошташ аллакай 72 соат сипарӣ шуд, вале ба мо аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар бораи аҳволи Александр ҳеҷ хабаре нарасидааст», – гуфт ӯ ва илова намуд, ки ин мухолифи моддаи 92, қ. 3-и Кодекси мурофиавии ҷиноятии кишвар аст.
Мутобиқи моддаи 92-и КМҶ ҶТ (Дастгир кардан дар асоси гумони бевосита дар содир намудани ҷиноят), шахсро бо асосҳои пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда аз лаҳзаи боздошт зиёда аз 72 соат боздоштан мумкин нест. Баъди гузаштани ин мӯҳлат дастгиршуда бояд аз ҳабс озод карда ё дар ҳаққи ӯ чораи дигари пешгирии дар Кодекси мазкур пешбинишуда татбиқ карда шавад, ба истиснои муқаррароти қисми 5 моддаи 111 Кодекси мазкур.
Ёдрас мекунем, ки Александр Содиқов санаи 16-уми июн дар шаҳри Хоруғ
боздошт шуд.
Раёсатми КДАМ дар ВМКБ ӯро ба фаъолияти тахрибкориву иктишофӣ гумонбар медонад.
Аммо профессор Ҷон Хизершоу, роҳбари илмии Александр Содиқов
тасдиқ кард,
ки бо ӯ аз рӯи лоиҳаи таҳқиқоти академӣ оид ба роҳу воситаҳои ҳалли низоъҳо кор мекунад. «Александр бо донишгоҳи ман (Exeter University) қарордод дорад ва ин исботи он аст, ки ӯ на барои ҳукумати Британия, балки барои донишгоҳ кори илмӣ иҷро мекунад», – гуфт дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» Ҷон Хизершоу.



