Ҳамсари Содиқов: Бо гузашти 72 соат аз ҳоли Александр хабар надорем

Аз замони боздошти Александр Содиқов дар шаҳри Хоруғ, ки КДАМ Тоҷикистон ӯро ба ҷосусӣ гумонбар медонад, 72 соат сипарӣ шуд, вале ба оилааш аз куҷо будану дар чӣ ҳол қарор доштани ӯ хабаре нарасидааст. Ҳамсари боздоштшуда Мушарраф Содиқова ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки ӯ аз тақдири Александр огаҳие надорад. «Ман ва модари […]

ASIA-Plus



Аз замони боздошти Александр Содиқов дар шаҳри Хоруғ, ки КДАМ Тоҷикистон ӯро ба ҷосусӣ гумонбар медонад, 72 соат сипарӣ шуд, вале ба оилааш аз куҷо будану дар чӣ ҳол қарор доштани ӯ хабаре нарасидааст.

Ҳамсари боздоштшуда Мушарраф Содиқова ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки ӯ аз тақдири Александр огаҳие надорад. «Ман ва модари Содиқов аз боздошти ӯ рӯзи 16-уми июн дар шаҳри Хоруғ дар ташвишем. Аз замони боздошташ аллакай 72 соат сипарӣ шуд, вале ба мо аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар бораи аҳволи Александр ҳеҷ хабаре нарасидааст», – гуфт ӯ ва илова намуд, ки ин мухолифи моддаи 92, қ. 3-и Кодекси мурофиавии ҷиноятии кишвар аст.

Мутобиқи моддаи 92-и КМҶ ҶТ (Дастгир кардан дар асоси гумони бевосита дар содир намудани ҷиноят), шахсро бо асосҳои пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда аз лаҳзаи боздошт зиёда аз 72 соат боздоштан мумкин нест. Баъди гузаштани ин мӯҳлат дастгиршуда бояд аз ҳабс озод карда ё дар ҳаққи ӯ чораи дигари пешгирии дар Кодекси мазкур пешбинишуда татбиқ карда шавад, ба истиснои муқаррароти қисми 5 моддаи 111 Кодекси мазкур.

Ёдрас мекунем, ки Александр Содиқов санаи 16-уми июн дар шаҳри Хоруғ

боздошт шуд.

Раёсатми КДАМ дар ВМКБ ӯро ба фаъолияти тахрибкориву иктишофӣ гумонбар медонад.

Аммо профессор Ҷон Хизершоу, роҳбари илмии Александр Содиқов

тасдиқ кард,

ки бо ӯ аз рӯи лоиҳаи таҳқиқоти академӣ оид ба роҳу воситаҳои ҳалли низоъҳо кор мекунад. «Александр бо донишгоҳи ман (Exeter University) қарордод дорад ва ин исботи он аст, ки ӯ на барои ҳукумати Британия, балки барои донишгоҳ кори илмӣ иҷро мекунад», – гуфт дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» Ҷон Хизершоу.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.