Боз як гумонбаршуда дар қазияи «кордзании толибилмон»

Дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои иовагии фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милиса боз як иштирокчии ҳодисаи «кордзании толибилмон» -ро, ки бар асари он рӯзи 30-юми май Бурҳониддин Зарифови 17-сола ба ҳалокат расид, боздошт намуданд. Сардори шуъбаи тафтишоти Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе полковники милиса Баҳриддин Давлатбеков ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ин боздоштшуда низ хонандаи […]

Мавзуна Абдуллоева



Дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои иовагии фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милиса боз як иштирокчии ҳодисаи

«кордзании толибилмон»

-ро, ки бар асари он рӯзи 30-юми май Бурҳониддин Зарифови 17-сола ба ҳалокат расид, боздошт намуданд.

Сардори шуъбаи тафтишоти Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе полковники милиса Баҳриддин Давлатбеков ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ин боздоштшуда низ хонандаи мактаб аст. «Номи ӯ Комрон ва се рӯз қабл боздошт шуда буд», – гуфт Давлатбеков ва аз пешниҳоди маълумоти дигар дар бораи боздоштшуда худдорӣ варзид.

Тафтиши ҳодисаи куштори Бурҳониддин Зарифов идома дорад. Гунаҳкори асосӣ дар куштори толибилми мактаб 

бар асари кордкашӣ

 дар Душанбе – Бобоҷон Ҳомидови 17-сола ба гуноҳаш иқрор шуда, дар ҳабс қарор дорад.  Аз рӯи далел мазкур мутобиқи моддаҳои 110, қ. 3 (Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси фавти ҷабрдида гардида бошанд) ва 237, қ. 3 (Авбошӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шудаааст. Айни замон 13 нафар иштирокчиёни ҳодиса боздошт шудаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.