Иштироки афсарони тоҷик дар давраи омӯзишии «Маводи химиявӣ ва прекурсорҳо

Бисту шаш афсар аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи омўзишӣ (тренинг) оид ба мавзўи «Маводи химиявӣ ва прекурсорҳо» иштирок намуданд. Тавре аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон хабар доданд, давраи омўзишӣ муштаракан аз ҷониби Барномаи Иттиҳоди Аврупо -БРСММ оиди мусоидат ба идораи сарҳадот дар Осиёи Марказӣ (БОМКА) ва Барномаи идораи сарҳадоти Дафтари САҲА […]

ASIA-Plus



Бисту шаш афсар аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи омўзишӣ (тренинг) оид ба мавзўи «Маводи химиявӣ ва прекурсорҳо» иштирок намуданд.

Тавре аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон хабар доданд, давраи омўзишӣ муштаракан аз ҷониби Барномаи Иттиҳоди Аврупо -БРСММ оиди мусоидат ба идораи сарҳадот дар Осиёи Марказӣ (БОМКА) ва Барномаи идораи сарҳадоти Дафтари САҲА дар Тоҷикистон ташкил гардид. Чорабинии мазкур ҷузъе аз силсилаи курсҳои омўзишӣ ба ҳисоб рафта, ҳадаф аз он инкишофи зарфияти мақомоти ҷавобгар ба амнияти сарҳадоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муассиртар аксуламал нишон додан ба таҳдиду чолишҳои муосир, ба хусус дар мавриди ошкоркунии маводи мухадир ва прекурсорҳо, мебошад.

Давраи омўзишии серўза аз ҷониби коршиносони соҳаи маводи химиявӣ аз хадамоти гумрукии Латвия баргузор гардид. Шунавандагони давраи омўзишӣ аз байни кормандони ниҳодҳои ҳукуматии Тоҷикистон, аз ҷумла 10 нафар аз Агентии назорати маводи мухадир, 10 нафар аз Хадамоти гумрукӣ ва 6 нафар аз Қўшунҳои сарҳадӣ, интихоб гардиданд. Дар давоми давраи омўзишӣ методологияи муосир ва амалкарди беҳтарин дар соҳаи назорати прекурсорҳо ва ошкоркунии қочоқи эҳтимолии маводи химиявии гуногун ва инчунин ҷамъоварӣ ва табодули самарабахши иттилоот миёни ниҳодҳои мухталифи ҳукуматӣ ва ҳамкорӣ бо сектори хусусӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.

Ҳангоми маросими хатмкунии давраи омўзишӣ, мудири шўъбаи ИА-БРСММ БОМКА дар Тоҷикистон Сўҳроб Қаҳҳоров иштирокдоронро ҷиҳати истифодабарии самарабахши донишҳои андўхта барои ба даст овардани натиҷаҳои беҳтар дар назорат ва мубориза зидди гардиши ғайриқонунии прекурсорҳо ташвиқ намуд. Муовини раиси Дафтари САҲА дар Тоҷикистон Ҳанс Петер Ларсен илова намуд: «бо дарназардошти аҳамияти ҷаҳонии мубориза зидди тиҷорати маводи мухадир, ба хусус дар минтақаҳои наздик ба кишварҳои сарчашмаи маводи мухадир, баргузории муштараки ин давраи омўзишӣ на танҳо барои бунёди Тоҷикистони амнтар ва аз маводи мухадир озод, балки барои тамоми минтақаи САҲА як кўшиши муҳим дар ин росто ба ҳисоб меравад».

Аҳдоф ва вазифаҳои умдаи Барномаи ИА-БРСММ БОМКА мусоидат намудан ба таҳкими амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ, суҳулат бахшидан ба тиҷорат ва транзит ва коҳиш додан ба убуру мурури ғайриқонунии молҳо ва одамон тариқи марзҳои Осиёи Марказӣ мебошад.

Ҳадафи Барномаи идораи сарҳадоти Дафтари САҲА дар Тоҷиикистон мусоидат намудан ба ниҳодҳои ҷавобгар ба амният ва идораи сарҳадоти ин кишвар дар инкишофи зарфияти миллӣ ҷиҳати аксуламал намудан ба таҳдидҳои фаромиллӣ, аз ҷумла тиҷорати маводи мухадир, ва ҳамчунин дастгирӣ намудани ниҳодҳои миллӣ дар ҳамкории байнисарҳадӣ, табодули иттилоот, таҷоруб ва амалкардҳои беҳтарин бо кишварҳои узви САҲА мебошад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.