Имзои Ёддошти тафоҳуми Лоиҳаи Тоҷикистону Швейтсария оид ба моликияти зеҳнӣ



Чанде қабл дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум дар бораи Лоиҳаи Тоҷикистону Швейтсария оид ба моликияти зеҳнӣ байни Котиботи Давлатии Швейтсария оид ба иқтисодиёт (SECO), Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти Федералии моликияти зеҳнии Швейтсария ба имзо расонида шуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ хабар доданд, Ёддошти тафоҳуми мазкурро аз ҷониби Тоҷикистон Шариф Раҳимзода- Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби Швейтсария муҳтарам Питер Микула- Директори Дафтари Швейтсариягӣ доир ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон ва Феликс Аддор -Муовини аввали Директор ва Уели Бури- Муовини Директори Институти Швейтсариягии моликияти зеҳнӣ ба имзо расониданд.

Ба иттилои манбаъ, ҳадафи баимзорасонии Ёддошти тафоҳуми мазкур ин муайян намудани шартҳои ҳамкорӣ, нақш ва уҳдадории Тарафҳо барои идоракунӣ ва татбиқи Лоиҳаи Тоҷикистону Швейтсария оид ба моликияти зеҳнӣ мебошад.

Гуфта мешавад, Лоиҳаи Тоҷикистону Швейтсария оид ба моликияти зеҳнӣ ин нахустин Лоиҳа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи моликияти зеҳнӣ мебошад.

Лоиҳаи Тоҷикистону Швейтсария оид ба моликияти зеҳнӣ дар давоми се сол амал менамояд ва хароҷоти он 1 миллион франки Швейтсарияро дар бар мегирад, ки он аз тарафи Ҳукумати Швейтсария ҳамчун кумаки бе бозгашт пардохт карда мешавад.

 Лоиҳаи мазкур аз ҳамкориҳои стратегии Тоҷикистону Швейтсария асос ёфта, барои дастгирии фаъолияти мақомотҳои дахлдор дар соҳаи моликияти зеҳнӣ дар Тоҷикистон равона шудааст.

spot_imgspot_img

Популярное