С.Ятимов: Баъзе созмонҳои хориҷӣ гурӯҳҳои ҷиноятпешаро сарпарастӣ мекунанд

Зимни суханронӣ дар конфронс  дар мавзӯи «Муқовимат ба таҳдидҳо ва хатарҳои муосир дар минтақаи Осиёи Марказӣ: дастовардҳо ва дурнамоиҳои Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм, экстремизм ва коррупсия» раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ)-и Тоҷикистон Саймӯмин Ятимов изҳор намуд, ки барои ноустувор кардани вазъ дар Тоҷикистон баъзе созмонҳои хориҷӣ гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпешаро сарпарастӣ мекунанд. Ятимов мутамин […]

Меҳрангез Турсунзода



Зимни суханронӣ дар конфронс  дар мавзӯи «Муқовимат ба таҳдидҳо ва хатарҳои муосир дар минтақаи Осиёи Марказӣ: дастовардҳо ва дурнамоиҳои Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм, экстремизм ва коррупсия» раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ)-и Тоҷикистон Саймӯмин Ятимов изҳор намуд, ки барои ноустувор кардани вазъ дар Тоҷикистон баъзе созмонҳои хориҷӣ гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпешаро сарпарастӣ мекунанд.

Ятимов мутамин аст, ки айни замон дар Тоҷикистон бозиҳои бузурги геополитикӣ ҷараён доранд. «Дар кишвар бори нахуст хадамоти махсус, ки ин ҷо аз мақомашон ҳарф намезанам, бо гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша кор мекунанд. Ба онҳо мабалғ медиҳанд. Махсус онҳоро таҳрик медиҳанд, ки алайҳи суботи минтақаи мо мубориза баранд. Ман аллакай инро ба онҳо гуфтам ва ҳама медонанд, ки сухан сари чӣ меравад. Ба ин кишварҳои бузург манфитадоранд», – гуфт раиси КДАМ.

«Ҳамеша дар хотир дошта бошед, ки дирижёр пушти оркестр пинҳон мешавад. Аз ин рӯ, чунон дирижёрӣ намоед, ки Шумо ҳам намоён бошеду ҳам бо сари баланд нигоҳ кунед», – зикр кард Ятимов.

«Ман боварии комил дорам, ки тамоми мардуми Тоҷикистон ватандӯсту ватанпарвар аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти манфиатҳои миллӣ бар зидди ҳама гуна хатару таҳдидҳои замони муосир, аз қабили терроризм, экстремизм ва коррупсия дар якҷоягӣ ва ҳамбастагӣ мубориза мебарад», – иброз дошт ӯ.

Ятимов қайд кард, ки пас аз Покистон Тоҷикистон бо Афғонистон аз ҳама марзи тӯлонӣ дорад. «Сарфи назар аз вазъ дар кишвар, кӣ бо Афғонистон шаш пул месозад, то ки мардум ба тиҷорат машғул бошанд? Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистон бояд аз ин самт эътироф гардад», – гуфт номбурда.     

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.