Рӯзи 11 июни соли 2014 нишасти навбатии Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати интихоби Раиси иҷлоси 69-уми Маҷмаи Умумии СММ ва муовинони ӯ баргузор гашт.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, Вазири корҳои хориҷии Уганда Сэм Кутеса ба ҳайси Раиси Иҷлоси 69-уми Маҷмаи Умумии СММ бо иттифоқи оро интихоб гардид. Ҳамзамон Тоҷикистон ба сифати яке аз муовинони раиси иҷлоси 69-уми Маҷмаи Умумии СММ интихоб карда шуд.
Зимни суханрониаш Раиси тозаинтихоби Маҷмаи Умумии СММ Сэм Кутеса мавзӯи иҷлоси 69-уми Маҷмаи Умумии СММ, инчунин мавзӯи мубоҳисаҳои умумии Маҷмаи Умумиро «Муҳокима ва татбиқи Рӯзномаи рушди баъди соли 2015» (Delivering on and Implementing a Transformative Post-2015 Development Agenda) эълон дошт.



