Сафорат: Дар сохтмони бинои нав дар Маскав тоҷикон ҳалок нашудаанд

Дар майдони сохтмони бинои нав дар шаҳри Маскав шаҳрвандони Тоҷикистон ҳалок нашудаанд. Бино ба маълумоти сафорати Тоҷикистон дар Русия, кормандони Хадамоти консулгарии сафорати ҶТ дар Русия ва намояндагони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар шаҳри Маскав маълумоти ВАО-и Русия дар бораи гӯё ба шахтаи лифт афтидани се шаҳрванди Тоҷикистон ва дар натиҷа ба […]

ASIA-Plus



Дар майдони сохтмони бинои нав дар шаҳри Маскав шаҳрвандони Тоҷикистон ҳалок нашудаанд.

Бино ба маълумоти сафорати Тоҷикистон дар Русия, кормандони Хадамоти консулгарии сафорати ҶТ дар Русия ва намояндагони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар шаҳри Маскав маълумоти ВАО-и Русия дар бораи гӯё ба шахтаи лифт афтидани се шаҳрванди Тоҷикистон ва дар натиҷа ба ҳалокат расидани яке аз онҳову бо ҷароҳатҳои вазнин бистарӣ шудани ду нафари дигар дар яке аз сохтмонҳои бинои нав дар шаҳри Маскавро санҷиданд.

«Кормандони субҳи имрӯз ба ҷойи ҳодиса ҳозиршуда вазъро омӯхта, муайян карданд, ки маълумоти интишоршуда дар ВАО-и Русия асоси воқеӣ надорад. Дар вохӯрии сардори Хадамоти консулгарии сафорати ҶТ дар Русия Ашраф Гулов бо сардори дасти посбонони ин иншооти сохтмонӣ маълумот дода шуд, ки ҳалокшуда ва ҷабрдидагон ба Тоҷикистон ҳеҷ муносибате надошта, дар сохтмони ин бино асосан шаҳрвандони Русия ва Беларус машғули коранд», – хабар доданд аз сафорат.

Зимнан зикр гардид, ки ҳалокшуда Гушкин Игор Леонидович ва ҷабрдидагон – Борзенко Сергей ва  Тарабаших Василий мебошанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.