Интихоби Тоҷикистон ба сифати яке аз муовинони раиси иҷлоси 69-уми Маҷмаи Умумии СММ

Рӯзи 11 июни соли 2014 нишасти навбатии Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати интихоби Раиси иҷлоси 69-уми Маҷмаи Умумии СММ ва муовинони ӯ баргузор гашт. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, Вазири корҳои хориҷии Уганда Сэм Кутеса ба ҳайси Раиси Иҷлоси 69-уми Маҷмаи Умумии СММ бо иттифоқи оро интихоб гардид. Ҳамзамон Тоҷикистон ба сифати […]

ASIA-Plus



Рӯзи 11 июни соли 2014 нишасти навбатии Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати интихоби Раиси иҷлоси 69-уми Маҷмаи Умумии СММ ва муовинони ӯ баргузор гашт.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, Вазири корҳои хориҷии Уганда Сэм Кутеса ба ҳайси Раиси Иҷлоси 69-уми Маҷмаи Умумии СММ бо иттифоқи оро интихоб гардид. Ҳамзамон Тоҷикистон ба сифати яке аз муовинони раиси иҷлоси 69-уми Маҷмаи Умумии СММ интихоб карда шуд.

Зимни суханрониаш Раиси тозаинтихоби Маҷмаи Умумии СММ Сэм Кутеса мавзӯи иҷлоси 69-уми Маҷмаи Умумии СММ, инчунин мавзӯи мубоҳисаҳои умумии Маҷмаи Умумиро «Муҳокима ва татбиқи Рӯзномаи рушди баъди соли 2015» (Delivering on and Implementing a Transformative Post-2015 Development Agenda) эълон дошт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.