Намояндагии ИА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бедарак шудани Александр Содиқов, докторанти Донишгоҳи Торонто ва пажӯҳишгари Донишгоҳи Эксетер дар натиҷаи боздошти ӯ дар ш. Хоруғ рӯзи 16 июни соли 2014, инчунин ҷиҳати дастнорасии ахборот ба аҳли оила оиди тансиҳатӣ ва макони боздошти ӯ изҳори нигаронӣ менамояд.
Дар изҳороти дар робита интишоршудаи дафтари Итттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон зикр мегардад, ки намояндагии ИА муроҷиат ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мекунад, то ахбороти заруриро ба наздикони Содиқов бетаъхир пешниҳод намояд ва ҷиҳати вазъи боздошт ва бедаракшавии ӯ равшанӣ бахшад.
Гуфта мешавад, намояндагии Иттиҳоди Аврупо изҳороти мазкурро бо ризогии Сарони сафоратҳои ИА дар Тоҷикистон дарҷ менамояд.



