Имрӯз таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Шӯрои палатаи поёнии парлумон баргузор шуд.
Тавре котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар ҷаласа якчанд лоиҳаҳои қонунҳо, аз ҷумла «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи Буҷети давлатии ҶТ барои соли 2014», «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи гарави амволи манқул», «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Қоуни ҶТ «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи алоқаи почтавӣ», «Дар бораи ворид намудани атғйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо, пикетгузориҳо ва роҳпаймоиҳо», «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон», «Дар бораи табобати ҳатмии беморони шаробнӯш ва нашъаманд», «Дар бораи таъмини бехтарии экологии нақлиёти автомобилӣ», «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи фаъолияти бонкӣ», «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи масълияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» баррасӣ шуданд.
Ба иттилои манбаъ, ғайр аз ин, лоиҳаҳои созишнома миёни ҶТ ва Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) дар бораи аз ҷониби кишвари қабулкунанда дастгирӣ намудани нерӯҳои НАТО ва ҳайати шахсии НАТО ва транзити нерӯҳои низомии НАТО ва ҳайати шахсии НАТО, созишномаи қарзӣ миёни ҶТ ва Бонки исломии рушд аз рӯи лоиҳаи «Таҷдиду азнавсозии зеристгоҳи барқии «Равшан» дар Тоҷикистон», созишномаи бурсӣ миёни ҶТ ва Фонди байнулмилалии рушди кишоварзӣ аз рӯи лоиҳаи «Беҳбуди сатҳи зиндагӣ дар Хатлон», созишномаи маблағгузорӣ миёни ҶТ ва Фонди байнулмилалии рушди кишоварзӣ аз рӯи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо», Шартнома дар бораи маблағгузории Лоиҳаи «Фондҳои ҷамоавӣ барои мусоидат ба рушди маълумоти заминавӣ ва барқарор кардани зербинои коммуналӣ, марҳилаи II» миёни Донишкадаи қарзии таҷдиди Франкфурти Майн (KfW), Тоҷикистон ва Фонди миллии иҷтимоии сармоягузории Тоҷикистон низ муҳокима гардиданд.



