Баррасии лоиҳаи созишномаи транзити нерӯҳои НАТО дар парлумон

Имрӯз таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Шӯрои палатаи поёнии парлумон баргузор шуд. Тавре котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар ҷаласа якчанд лоиҳаҳои қонунҳо, аз ҷумла «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи Буҷети давлатии ҶТ барои соли 2014», […]

ASIA-Plus



Имрӯз таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Шӯрои палатаи поёнии парлумон баргузор шуд.

Тавре котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар ҷаласа якчанд лоиҳаҳои қонунҳо, аз ҷумла «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи Буҷети давлатии ҶТ барои соли 2014», «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи гарави амволи манқул», «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Қоуни ҶТ «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи алоқаи почтавӣ», «Дар бораи ворид намудани атғйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо, пикетгузориҳо ва роҳпаймоиҳо», «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон», «Дар бораи табобати ҳатмии беморони шаробнӯш ва нашъаманд», «Дар бораи таъмини бехтарии экологии нақлиёти автомобилӣ», «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи фаъолияти бонкӣ», «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи масълияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» баррасӣ шуданд.

Ба иттилои манбаъ, ғайр аз ин, лоиҳаҳои созишнома миёни ҶТ ва Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) дар бораи аз ҷониби кишвари қабулкунанда дастгирӣ намудани нерӯҳои НАТО ва ҳайати шахсии НАТО ва транзити нерӯҳои низомии НАТО ва ҳайати шахсии НАТО, созишномаи қарзӣ миёни ҶТ ва Бонки исломии рушд аз рӯи лоиҳаи «Таҷдиду азнавсозии зеристгоҳи барқии «Равшан» дар Тоҷикистон», созишномаи бурсӣ миёни ҶТ ва Фонди байнулмилалии рушди кишоварзӣ аз рӯи лоиҳаи «Беҳбуди сатҳи зиндагӣ дар Хатлон», созишномаи маблағгузорӣ миёни ҶТ ва Фонди байнулмилалии рушди кишоварзӣ аз рӯи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо», Шартнома дар бораи маблағгузории Лоиҳаи «Фондҳои ҷамоавӣ барои мусоидат ба рушди маълумоти заминавӣ ва барқарор кардани зербинои коммуналӣ, марҳилаи II» миёни Донишкадаи қарзии таҷдиди Франкфурти Майн (KfW), Тоҷикистон ва Фонди миллии иҷтимоии сармоягузории Тоҷикистон низ муҳокима гардиданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.