Дар Рашт беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баррасӣ шуд

Ахири ҳафтаи гузашта дар ноҳияи Рашт таҳти раёсати Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар водии Рашт –Қодири Қосим ҷаласаи дуюми Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар водии Рашт баргузор гардид. Тавре аз Шӯрои мазкур […]

ASIA-Plus



Ахири ҳафтаи гузашта дар ноҳияи Рашт таҳти раёсати Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар водии Рашт –Қодири Қосим ҷаласаи дуюми Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар водии Рашт баргузор гардид.

Тавре аз Шӯрои мазкур хабар доданд, қабл аз баррасии масъалаҳои асосии рӯзномаи ҷаласа, бинобар сабаби ба охир расидани мӯҳлати фаъолияти Намояндагии Ташкилоти Шафқат дар водии Рашт ва қатъ гардидани ваколати роҳбари ин созмон дар водии Рашт хонум Джанис Сетсер ба ҳайси аъзои Шӯро, аз ҷониби шарикони рушд номзадии менеҷери минтақавии Барномаи инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистони Хазинаи Оғохон – Шарипов Маҳмадӣ ба узвияти Шӯро пешниҳод карда шуд.

Вобаста ба масъалаи якум  Раиси Шӯрои машваратӣ, Қодири Қосим Котиби Шӯрои машваратӣ – Зафар Ҳисориев ва узви тозаинтихобшудаи Шӯрои машваратӣ аз ҷониби шарикони рушд, менеҷери минтақавии Барномаи инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистони Хазинаи Оғохон – Шарипов Маҳмадиро ба ҳозирин муаррифӣ намуда,  ба онҳо фаъолияти пурсамар ва барори кор орзу намуд.

Вобаста ба масъалаи дуюми ҷаласа роҳбари ширкати сайёҳии «Сайёҳ» Мирзошоҳ Акобиров баромад намуда, натиҷаҳои таҳлил ва тавсияҳоро оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм дар водии Рашт муаррифӣ намуд.

Аз ҷумла, вобаста ба нақши шарикони рушд дар гузаронидани таҳлил ва татбиқи тавсияҳо оид ба рушди бахши туризм дар водии Рашт роҳбари Барномаи рушди бахши хусусии Агентии Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ Хартвиг Унгетум баромад намуд.

Вобаста ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм дар водии Рашт инчунин ҳамраисони Шӯро, Раиси ноҳияи Рашт- Сайумрон Абдураҳмонзода, Раиси ноҳияи Нуробод – Сайдамир Сиёмардзода, Раиси ноҳияи Тоҷикобод – Ҳусейн Ализода, Раиси ноҳияи Тавилдара – Ҳиматшои Ғайрат ва Раиси ноҳияи Ҷиргатол – Умедхоҷаи Зоир баромад карданд.

Вобаста ба масъалаи сеюм аъзои Шӯро, директори ҶДММ «Меҳробфарм»-и ноҳияи Рашт – Мирзоалӣ Камолов ахборот дода, масъалаи беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши кишоварзӣ дар водии Раштро ба баррасии ҷаласаи ояндаи Шӯро пешниҳод кард, ки он аз ҷониби ҳамаи аъзоёни Шӯрои машваратӣ  дастгирӣ ёфт.

Дар хотимаи ҷаласа аз ҷониби Қодири Қосим – Раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар водии Рашт ба масъулин ва намояндагони мақомоти ноҳиявии вазорату идораҳои дахлдор вобаста ба масъалаҳои дар ҷаласа баррасигардида, дастуру супоришҳои дахлдор дода шуд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.