Миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ Тоҷикистон то ҳанӯз кишвари дорои нархи бештар баландтар ба маводи сӯзишворӣ, аз ҷумла бензин ва сӯзишвории дизелӣ боқӣ мемонад.
Бино ба маълумоти сомонаи
www.mutravelcost.com
, аз моҳи феврал бензин дар Тоҷикистон аз 0,96 евро то 1,02 евро барои як литр қимат шудааст.
«Арзиши бензин дар Тоҷикистон 1,02 евро барои 1 литрро ташкил медиҳад, ки аз нархи миёнаи бензин дар ҷаҳон (1 евро) 2% зиёдтар аст. Нархи сӯзишвории дизелӣ дар Тоҷкистон ба 0,77 евро барои 1 литр баробар аст, ки аз нархи миёна дар ҷаҳон 14% камтар мебошад. Арзиши сӯзишворӣ дар Тоҷикистонро мо аз сарчашмаҳои расмӣ ва васоити ахбори умум дастрас намудем», – омадааст дар хабари сомона.
Қобили зикр аст, ки нархи бензин дар Тоҷикистон дар моҳи феврал 0,96 евро барои 1 литрро ташкил дода буд, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса бо нархи миёнаи бензин дар саросари ҷаҳон, ки 1,11 евро барои 1 литрро ташкил медиҳад, ба андозаи 14% поинтар буд. Дар ин моҳ арзиши сӯзишвории дизелӣ дар Тоҷикистон 0,86 евро барои 1 литрро ташкил медод, ки 14% аз нархи миёна дар ҷаҳон поинтар буд.
Тибқи мушоҳидаҳо, ду ҳафти қабл арзиши бензин дар Душанбе тамоили болоравиро касб кард. Як моҳ пеш нархи 1 литр бензин дар пойтахт аз 5 сомонӣ (каме поинтар аз 1 $) болотар набуд, вале имрӯз ба ҳисоби миёна бо нархи 5,20 сомонӣ барои 1 литр фурӯхта мешавад.
Мутобиқи маълумот ин сомона, миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон бензин ва сӯзишвории дизелӣ аз ҳама гаронтар будаааст. Масалан, нархи 1 литр бензин дар Қирғизистон ба ҳисоби миёна – 0,58 евро, сӯзишвории дизелӣ – 0,40 евро ва Қазоқистон – бензин – 0,60 евро ва сӯзишвории дизелӣ – 0,47 евроро ташкил додаанд, ки нисбат ба нархи миёна дар ҷаҳон хеле поинтаранд.
Дар Туркманистон арзиши 1 литр бензин ба 0,17 евро ва сӯзишвории дизелӣ ба 0,15 евро баробар аст. Дар бораи нархи ин навъҳои сӯзишворӣ дар Ӯзбекистон маълумот оварда нашудааст.



