Анҷоми санҷиши «қазияи помидор» ва ҷавобгарии 9 нафар

Вазорати корҳои доихии ҷумҳурӣ санҷиши ҳодисаи рӯзи 10-уми июн дар шаҳри Кӯлоб нисбати раҳбарияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ба итмом расонид. Дар маълумотномаи дар сомонаи расмии ВКД ҶТ интишоршуда дар ин робита зикр мегардад, ки санҷишҳо муайян намуд, ки рӯзи 10-июни соли 2014 бояд маҷлиси фаъолони ҲНИТ дар минтақа ва шаҳри Кӯлоб дар идораи Марказии […]

ASIA-Plus



Вазорати корҳои доихии ҷумҳурӣ санҷиши ҳодисаи рӯзи 10-уми июн дар шаҳри Кӯлоб нисбати раҳбарияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ба итмом расонид.

Дар маълумотномаи дар сомонаи расмии ВКД ҶТ интишоршуда дар ин робита зикр мегардад, ки санҷишҳо муайян намуд, ки рӯзи 10-июни соли 2014 бояд маҷлиси фаъолони ҲНИТ дар минтақа ва шаҳри Кӯлоб дар идораи Марказии ҲНИТ, воқеъ дар кӯчаи С.Сафарови шаҳри Кӯлоб баргузор мешуд. Азбаски аз тарафи нозироти андоз ва хадамоти оташнишонӣ камбудиҳои зиёд дар ин идора ошкор карда шуда буд, фаъолияти идораи марказии ҲНИТ дар шаҳри Кӯлоб муваққатан боздошта шуда, дарҳои он муҳр гузошта шуда буд.

Ҳамон рӯз Раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ба шаҳри Кӯлоб омада, ба раиси шаҳри Кӯлоб Раҳмонзода А.А. муроҷиат менамояд ва Раиси шаҳри Кӯлоб камбудиҳои ҷойдоштаро ба Муҳиддин Кабирӣ мефаҳмонад. 

Бовуҷуди ин, Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон маҷлиси ҳизбияшонро дар хонаи раиси ҲНИТ дар минтақаи Кӯлоб Маҳмадшариф Набиев, воқеъ дар кӯчаи О.Сарварова, хонаи №84-и шаҳри Кӯлоб мегузаронанд.

Баъди маҷлис, ҳангоми баромадани иштирокчиён, як гурӯҳ шаҳрвандон аз ин ҷамъомади ҳизб норозигӣ намуда, дар назди хонаи Маҳмадшариф Набиев ҷамъ омада, ба тарафи намояндагони ҲНИТ ва махсусан ба тарафи роҳбари он Муҳиддин Кабирӣ помидор ва тухм ҳаво медиҳанд.

Аз тарафи аъзоёни ҲНИТ низ якчанд нафар ба бетартибиҳо роҳ дода, бо шаҳрвандон ҷанҷолу хархаша намуда, даст ба гиребон мешаванд.

Гарчанде аз ҷониби роҳбарияти ҲНИТ ягон муроҷиат оиди нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои сиёсӣ дохил нашуда бошад ҳам, ба гурӯҳи оперативӣ-тафтишотии ШВКД дар шаҳри Кӯлоб аз шаҳрвандони ин кӯча арз ворид шуда, сари вақт ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, муноқишаро бартараф намуда, вазъиятро зери назорат мегиранд.

Нисбати шахсони дар боло зикргардида, барои  ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва беҳурматӣ намудан нисбати Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбари ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ бо моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода, барои баррасӣ ба тобеияти Суди шаҳри Кӯлоб ирсол карда шудааст. Суди шаҳри Кӯлоб маводҳоро баррасӣ намуда ҳуқуқвайронкунандагонро ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида, нисбати 3-нафар шаҳрвандон ҳабси маъмурӣ ба мӯҳлати 5 шабонарӯзӣ таъин намуд. Нисбати 6 нафар шаҳрвандони дигар низ аз тарафи Суди шаҳри Кӯлоб мутобиқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон маводҳо баррасӣ шуда ҷарима ситонида шудааст.

Инчунин, нисбати 25 нафар шаҳрвандон оиди дар оянда ба чунин муноқиша роҳ надодан протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, сахт огоҳонида шуданд ва бо зиёда аз 116 нафар шаҳрвандони шаҳри Кӯлоб сӯҳбатҳои инфиродӣ гузаронида шуда, дар маҳаллае, ки муноқиша сар зада буд, вохӯрии фаъолони шаҳри Кӯлоб ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо аҳолии мазкур гузаронида шуд.

Аз тарафи истиқоматкунандагони шаҳри Кулоб ба ШВКД арзу шикоятҳо ворид гардида, нисбати Раиси ҲНИТ дар минтақаи Кӯлоб Маҳмадшариф Набиев, ки дар хонааш ҷаласаи ҳизбро гузаронидааст, бидуни талаботи моддаи 8-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳои осоишта» аз 28.06.с.2011, №735 маводҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба Суди шаҳри Кӯлоб ирсол карда шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боз сари баррасии масъалаи таҳвили маҳсулоти нафту газ баргаштанд

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.