Тоҷикистониён Рӯзи ваҳдатро дар Маскав ҷашн мегиранд

Дар толори кинову консерти «Мир»-и шаҳри Маскав рӯзи 27-уми июн ба муносибати таҷлили ҷашни солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон чорабинии идона доир мегардад. Тавре ба «Азия-Плюс» роҳбари медиа-холдинги Tajinfo Ғуфрон Ваҳҳобов хабар дод, ба ин мунсибат медиа-холдинг таҳти унвони «Сулҳ ба хонаи ту, Тоҷикистон!» (Мир дому твоему, Таджикистан!) консерти идона ташкил мекунад. Ба гуфтаи […]

ASIA-Plus



Дар толори кинову консерти «Мир»-и шаҳри Маскав рӯзи 27-уми июн ба муносибати таҷлили ҷашни солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон чорабинии идона доир мегардад.

Тавре ба «Азия-Плюс» роҳбари медиа-холдинги Tajinfo Ғуфрон Ваҳҳобов хабар дод, ба ин мунсибат медиа-холдинг таҳти унвони «Сулҳ ба хонаи ту, Тоҷикистон!» (Мир дому твоему, Таджикистан!) консерти идона ташкил мекунад.

Ба гуфтаи ӯ, барномаи консерти идона, аз намоиши филми мустанад дар бораи таърихи гуфтушунидҳои тоҷикон, ҷараёни истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар ҷумҳурӣ ва ҳунарнамоии совозхонони маъруфи эстрадаи тоҷик иборат аст.

«Хотири иштирокчиёни чорабиниро ҳунармандон Ҷонибек Муродов, Ҳасани Ҳайдар, ансамбли карнайнавозони «Садои Хуҷанд» ва гурӯҳи «Ғарибон» болида хоҳанд сохт», – иброз дошт ӯ.

Ғ. Ваҳҳобов зикр кард, ки ба чорабинӣ намояндагони расмии ҳокимияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Маскав, намояндагони диаспораҳои тоҷикон, донишҷӯён ва унвонҷӯёни тоҷики муқими Русия даъват шудаанд. «Даъватномаҳо асосан миёни муҳоҷирони кории тоҷик паҳн карда мешаванд», – қайд кард вай.

Номбурда ҳамчунин гуфт, рамзист, ки чорабинии дар толори кинову консерти бо номи «Мир» (Сулҳ) баргузор мешавад. «Қобили зикр аст, ки 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав «Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» ба имзо расида, он замон Русия низ дар шумори «Дӯстони Тоҷикистон» ҳузур дошт», – афзуд Ғуфрон Ваҳҳобов.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.