Санаи 21 июни соли равон ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дар ноҳияи Турсунзода, боғбони истироҳатгоҳи “Қаратоғ”, шаҳрванд Туймурод Ғаниеви 38-сола, сокини ноҳияи Турсунзода бо гумони ташкил ё нигоҳдошти фоҳишахона дастгир карда шуд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, номбурда рӯзи 21.06.соли равон истироҳатгоҳи мазкурро ба фоҳишахона табдил дода, ба шаҳрвандон: М.С., соли таваллудаш 1980 ва Р.Р., соли таваллудаш 1985, сокинони н. Турсунзода барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, аз онҳо 100-сомонӣ маблағи пулӣ гирифтааст.



