Ҳалокати аъзои дастаи баскетболбозон дар садамаи марговар дар Варзоб

Бар асари садамаи фоҷеабор дар роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд, ки чанде қабл шомгоҳон рух дод, панҷ нафар ба ҳалокат расиданд. Тавре ба «Азия-Плюс» аз ВКД Тоҷикистон хабар доданд, ҳангоми ҳаракат дар километри 46-уми роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», сокини 43-солаи шаҳри Истаравшан Эронхон Исоев аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, […]

ASIA-Plus



Бар асари садамаи фоҷеабор дар роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд, ки чанде қабл шомгоҳон рух дод, панҷ нафар ба ҳалокат расиданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз ВКД Тоҷикистон хабар доданд, ҳангоми ҳаракат дар километри 46-уми роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», сокини 43-солаи шаҳри Истаравшан Эронхон Исоев аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашина ба дарёи Варзоб сарозер мешавад.

«Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд, лекин бар асари суръати тези маҷрои оби дарёи Варзоб, наҷоти ронанда ва мусофирони автомашина муяссар нагардид», – гуфтанд дар ВКД.

Ба иттилои манбаъ, мусофирони ин автомашина Саидумар Исоев, Исмоил Ҳамдамов ва Беҳрӯз Ҳомидови ҳамаашон 15-сола ва Саидусмон Исоеви 13-сола будаанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз шуъбаи кумитаи варзиши шаҳри Истаравшан хабар доданд, Эронхон Исоев сармураббии дастаи наврасони баскетболи шаҳри Истаравшан ва наврасони ҳалокшуда аъзои ин даста будаанд.

«Онҳо ба Душанбе барои иштирок дар мусобиқаи чемпионати баскетбол рафта буданд. Ҷасади Эронхон аз об дарёфт шуда, ба хешону наздиконаш супурда шуд. Ҷасади ҳалокшудагони дигар, аз ҷумла ду писараш – Саидусмон ва Саидумар алҳол дарёфт нашудааст ва наҷотдиҳандгони ҷасадҳоро то ҳанӯз ҷустуҷӯ доранд», – гуфт манбаъ.

Мусобиқаи чемпонати Тоҷикистон оид ба баскетбол миёни наврасон рӯзҳои 24-28-уми июн дар Душанбе доир мегардад, ки дар он аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон дастаҳо ширкат меварзанд. Вилояти Суғдро бояд дастаи Истаравшан намояндагӣ мекард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.