Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо подшоҳи Малайзия

Бегоҳии рӯзи 23-юми июн дар қасри Подшоҳи Малайзия мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи ин кишвар волоҳазрат Абдулҳалим Муаззам баргузор шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Подшоҳи Малайзия бо Шоҳбону Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Бонуи аввали Тоҷикистонро истиқбол гирифта, ба толори мулоқотҳои хоса даъват намуданд. Миёни онҳо доир ба […]

ASIA-Plus



Бегоҳии рӯзи 23-юми июн дар қасри Подшоҳи Малайзия мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи ин кишвар волоҳазрат Абдулҳалим Муаззам баргузор шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Подшоҳи Малайзия бо Шоҳбону Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Бонуи аввали Тоҷикистонро истиқбол гирифта, ба толори мулоқотҳои хоса даъват намуданд.

Миёни онҳо доир ба ҷанбаҳои гуногуни муносиботи Тоҷикистону Малайзия гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Аз баргузории аввалин сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Малайзия ва муҳайё шудани нахустин заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкорӣ миёни ду кишвар изҳори хушӣ карда шуд.

Арзи боварӣ карда шуд, ки минбаъд робитаҳои ду кишвари дӯст густариши фарох пайдо мекунанд, зеро то имрӯз ҳам миёни Тоҷикистону Малайзия ҳамкории судманд, хусусан дар соҳаи таҳсилоти олӣ, ба назар мерасад.

Ҳамчунин атрофи мавзӯъҳои минтақавию байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб табодули назар карда шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.