«Пикетчиён» ба ҷавобгарӣ кашидани кормандони сафорати Британияро дархост карданд



Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар бораи анҷоми тафтиши ҳодисаи назди сафоратхонаи Британияи Кабир дар Душанбе рӯзи 10-уми июн ва ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидани якчанд нафар дар робита ба ин ҳодиса иттилоъ медиҳад.

Дар сомонаи расмии ВКД Тоҷикистон хотиррасон мешавад, ки ҳодисаи мазкур дар назди Сафоратхонаи Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 10 июни соли равон соати 16:00 ба вуқӯъ пайваста 30-дақиқа идома ёфтааст. Тахминан 45-50 нафар шаҳрвандон дар назди Сафоратхонаи мазкур, воқеъ дар кӯчаи М.Турсунзода, хонаи 67, ҷамъ омада, изҳор намудаанд, ки бо Сафири Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрданианд, вале баъди хабардор шудани он, ки сафир ба шаҳри Хоруғи ВМКБ сафар кардааст, аз намояндагони Сафоратхона талаб намудаанд, ки Сафир аз ВМКБ баргашта бо онҳо суҳбат кунад, чунки сар задани нооромиҳо дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро аз хориҷиҳо гумонбар шудаанд.

«Гарчанде аз тарафи Сафоратхонаи Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзу шикоят ворид нашуда бошад, ҳам аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ сари вақт, барои роҳ надодан ба бетартибиҳо чораҳо андешида шуда, амнияти Сафоратхонаи мазкур зери назорати қатъӣ гирифта шуд», – омадааст дар маълумот.

Гуфта мешавад, аз шаҳрвандони дар назди сафоратхонаҷамъшуда, нисбати 5 нафари онҳо протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 461 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ тартиб дода шуда, аз тарафи Суди ноҳияи Сино ҷарима ситонида шуд. Инчунин, нисбати 15 нафар иштирокчиён протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз рӯи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, оиди дар оянда такрор накардани чунин ҳуқуқвайронкуниҳо қатъиян огоҳонида шуда ва бо 27 нафар сӯҳбатҳои инфиродӣ-профилактикӣ барои роҳ надодан ба чунин бетартибиҳо гузаронида шуд.

Зимнан зикр мегардад, ки баъди ба вуқӯъ пайвастани ҳодисаи дар боло зикршуда, барои дуруст ва воқеона санҷидани ҳодисаи мазкур муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Умарзода И.И. ба Сафорати Британияи Кабир ташриф овард. Дар вақти сӯҳбат бо кормандони сафорат ва Сафири Британияи Кабир, изҳор намуданд, ки ба сафорат ва кормандони сафорат, ягон зарари моддӣ ва маънавӣ расонида нашудааст ва аз корҳои ба анҷом расонидаи кормандони ҳифзи ҳуқуқ изҳори миннатдорӣ намуда, ба ҳаракатҳои кормандони милитсия баҳои баланд доданд.

Ҳамчунин дар рафти санҷишҳо аризаи дастаҷамъонаи ин шаҳрвандон ба унвони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилӣ ворид шуда, хоҳиши онро кардаанд, ки барои чӣ онҳо ба ҷавобгарӣ кашида шуда, аммо нисбати кормандони Сафорати Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ВМКБ ғайриқонунӣ сафар кардаанд, чораҳо андешида намешавад. Аризаи дастаҷамъонаи мазкур барои баррасӣ ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шудааст.

spot_imgspot_img

Популярное