Суғд: Се нафар барои куштори бераҳмонаи ҷавонзан маҳкум шуданд



Се нафар сокини вилояти Суғд барои қатли бераҳмонаи ҷавонзан ба 23-24-соли зиндон маҳкум шуданд.

Аз Суди вилояти Суғд ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ чанде қабл баррасии парванда нисбати сокинони шаҳри Истаравшан – Эҳроми Бозори 23-сола, Илҳом Алиқулови 25-сола ва Аслон Азимбекови 23-соларо ба итмом расонида, онҳоро дар содир намудани куштори бераҳмона гунаҳкор эътироф намуд.

Ба иттилои манбаъ, Эҳроми Бозор ба 24 ва Илҳом Алиқулову Аслон Азимбеков ҳар кадоме ба 23 соли зиндони низомаш шадид маҳкум карда шуданд.

Зимнан зикр гардид, ки рӯзи 27-уми январи соли ҷорӣ дар қаламрави деҳоти Охтангии ҷамоати Шаҳристон зери ҷӯи металлу бетонӣ ҷасади ҷавонзани 23-сола, сокини шаҳри Истаравшан Мақсудаи Алиҷон бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт шудаааст.

«Муайян карда шуд, ки маҳкумшудагони дар зиндон бо ҳамдигар шиносшуда 2 ҳазору 500 сомонӣ маблағи пулии ҷавонзанро дуздида, аз ӯ 3 телефони ҳамроҳашро низ мегиранд, ки дар умум  3 ҳазору 600 сомонӣ мешавад. Сипас ӯро то марг лату кӯб намуда, бо мақсади рӯйпӯш кардани ҷиноят, ба ҷасад бензин пошида, онро оташ мезананд», – афзуд сарчашмаи хабар.

spot_imgspot_img

Популярное