Изҳороти ИА ба муносибати Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа

Иттиҳоди Аврупо дар робита ба Рӯзи байнулмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа изҳорот интишор намуд. Дар зер матни изҳороти Иттиҳоди Аврупо ба ин муносибатро манзуратон мегардонем: «Мо дар Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа мехоҳем қавлу ӯҳдадории Иттиҳоди Аврупоро ҷиҳати пешгирӣ ва решакан кардани шиканҷа ва дигар шаклҳои ҷазодиҳии бераҳмона ва ғайринсонӣ таъкид намоем. Тибқи қонунҳои байналмилалӣ шиканҷа […]

ASIA-Plus



Иттиҳоди Аврупо дар робита ба Рӯзи байнулмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа изҳорот интишор намуд.

Дар зер матни изҳороти Иттиҳоди Аврупо ба ин муносибатро манзуратон мегардонем:

«Мо дар Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа мехоҳем қавлу ӯҳдадории Иттиҳоди Аврупоро ҷиҳати пешгирӣ ва решакан кардани шиканҷа ва дигар шаклҳои ҷазодиҳии бераҳмона ва ғайринсонӣ таъкид намоем. Тибқи қонунҳои байналмилалӣ шиканҷа тамоман манъ аст.

Мо мехоҳем саъйю кӯшиши созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва шахсони алоҳидаро, ки доим бар зидди шиканҷа мубориза бурда, дарду ранҷҳои қурбониёни шиканҷаро камтар сохта, афкори умумро ба ин масъалаи муҳим ҷалб менамоянд, таъриф бикунем. Иттиҳоди Аврупо (ИА) тавассути барномаи “Санади аврупоӣ барои демократия ва ҳуқуқи инсон” ба созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки талоши решакан кардани шиканҷа доранд ва ҷавобгариро барои ингуна бадрафториҳо ҷорӣ мекунанд, дастгирии заруриро пешниҳод менамояд.

ИА тамоми давлатҳоро даъват мекунад то ба Конвентсияи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) Алайҳи Шиканҷа ва Протоколи Ихтиёрии он пайваст шуда, ҳаққи Кумитаи Алайҳи Шиканҷаро дар гирифтан ва баррасӣ намудани баъзе парвандаҳо эътироф намоянд. Мо ахиран ба имзо расондани Протоколи Ихтиёрии мазкурро аз тарафи кишварҳои Ангола, Гвинея-Бисау ва Муғулистон ва ҳамчунин тасдиқи ин ҳуҷҷат аз тарафи парлумонҳои давлатҳои Бурунди ва Норвегия бо хушнудӣ истиқбол менамоем. ИА таъсис ва нигоҳдории сохторҳои миллӣ ҷиҳати пешгирии шиканҷа ва ҳамчунин таъмини мустақилияти амалиётӣ ва молиявии ин сохторҳоро муҳим медонад.

ИА кору фаъолияти сохторҳои байналмилалӣ, алалхусус, Гузоришгари Махсуси СММ, Кумитаи алайҳи шиканҷа ва Кумитаи Шӯрои Аврупоро барои Пешгирии Шиканҷа қадрдонӣ намуда, давлатҳои ҷаҳонро ба иҷрои пешниҳоду тавсияҳои ин сохторҳо даъват мекунад.

ИА қарори Маҷмаъи умумии СММ рақами 68/156 аз 18 декабри соли 2013 оиди ҳаққи мардум барои озодона муроҷиат кардан ба муассисаҳое, ки дар соҳаи пешгирӣ ва мубориза алайҳи шиканҷа кор мекунанд ва ҳамчунин ҳаққи қурбониёни шиканҷаро дар гирифтани ҷубронпулиҳо таъмин менамоянд, комилан дастгирӣ мекунад.

Мо бояд якҷоя кор карда шиканҷаро баргаштнопазир кунем».

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.