Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво



Анонс






Намояндагони Тоҷикистон дар ҷашнвораи байнулмилалии «Баҳори донишҷӯён»-и кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки то санаи 7-уми июл дар кишвари Забайкалйеи Русия идома меёбад, иштирок мекунанд;

– Дар меҳмонхонаи «Хайят Реҷенси Душанбе» ҳамоиши тиҷоратии «Қазоқистон – Тоҷикистон» ба итмом мерасад, ки дар доираи сафари Гурӯҳи тоҷирони Қазоқистон ба Душанбе сурат гирифта буд.



Қ


урби


асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА – 

4.9396

сомонӣ;


1

евро –

6.7477

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.14


50

сомонӣ.  



Як р


ӯ


зи таърих




1939

– Ифтитоҳи Анҷумани аввалини омӯзгорон-аълочиёни Тоҷикистон.


1970

– Таъсиси Пажӯуҳишгоҳи шарқшиносии Академияи улуми Тоҷикистон – феълан Пажуҳишгоҳи шарқшиносӣ ва осори хаттии АУ ҶТ.


2002

– Президенти ҶТ Қарор «Дар бораи тасдиқи нақшаи стратегии хусусигардонии иншооти моликияти давлатӣ барои солҳои 2002-2003»-ро ба имзо расонид. Мутобиқи он аксари иншооти давлатӣ ба моликияти хусусӣ табдил дода шуданд.


1932

– Зодрӯзи нависанда Ҳайрат Шанбезода.


1940 –

Мавлуди нависанда, рӯзноманигор, Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон Бахтиёр Муртазоев.



Вазъи обу


ҳ


аво




Дар




вилояти




Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан чангу ғубор мефарояд.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +20+25, рӯзона +33+38, дар доманакӯҳҳо шабона +14+19, рӯзона +28+33.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бидуни боришоти назаррас, дар ноҳияҳои ҷудогонаи доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +16+21, рӯзона +31+36, дар доманакӯҳҳо шабона +6+11, рӯзона +19+24.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +17+22, рӯзона +32+37, дар доманакӯҳҳо шабона +9+14, рӯзона +23+28.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат меборад.      

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +10+15, рӯзона +25+30;  дар шарқи вилоят шабона +1+6, рӯзона +12+17.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас, раъду барқ.  

Ҳарорат: шабона +19+21, рӯзона +32+34.


Дар шаҳри Хуҷанд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас. 

Ҳарорат: шабона +18+20, рӯзона +33+35.


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, чангу ғубор мефарояд.

Ҳарорат: шабона +21+23, рӯзона +34+36.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.   

Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +28+30.

spot_imgspot_img

Популярное