Ифтитоҳи мактаби нав дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Дар ҷамоати Чашмасори ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бо иштироки раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба фаъолияти бинои нави мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 75 ҳусни ифтитоҳ бахшида шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, сохтмони бинои мазкур соли гузашта оғоз ёфта, он бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қомат афрохтааст. Мактаб барои 240 […]

ASIA-Plus



Дар ҷамоати Чашмасори ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бо иштироки раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба фаъолияти бинои нави мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 75 ҳусни ифтитоҳ бахшида шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, сохтмони бинои мазкур соли гузашта оғоз ёфта, он бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қомат афрохтааст. Мактаб барои 240 нафар хонанда пешбинӣ шуда, толибилмон метавонанд дар утоқҳои барҳавову замонавӣ таҳсили илм намоянд.

Ба иттилои манбаъ, бинои мазкур бо харҷи 2 миллион сомонӣ маблағҳои буҷаи вилоят қомат афрохта, он бо тамоми лавозимоти хониш муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Ҳамчунин маткаб ба системаи ягонаи гармидиҳӣ пайваст гардида, дар фасли сармо утоқҳои дабистонро метавон мӯътадил нигоҳ дошт.

Гуфта мешавад, ҳангоми боздид аз синфхонаҳо Абдураҳмон Қодирӣ ба анҷоми корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ҳамчунин бо маҳфили ҳунаромӯзии дабистон шинос шуд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар толори дабистон роҳбари вилоят ба 10 нафар хонандагони фаъол роҳхат ба истироҳатгоҳи «Вохурӣ» – и ноҳияро супорид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.