Президент раҳбарияти ширкати «Барқи тоҷик»-ро иваз кард



Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» иваз карда шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ба ҷойи Раиси қаблии ин ширкат Аслиддин Назарзода, ки бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифа озод карда шуд, Рустам Раҳматзода Раиси Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи Барқи тоҷик таъин карда шуд.

Рустам Раҳматзода, ки то ин вақт Раиси ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд буд, мутахассиси варзида ва таҷрибадори соҳаи иқтисод ва идораи давлатӣ мебошад.

Ба ҷои Мирзо Маҳмудзода ба вазифаи Муовини якуми раиси Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи Барқи тоҷик Ҷамшед Бобоев ва ба ҷойи Сулаймони Қосим ба вазифаи Муовини раиси ин ширкат Баҳром Азимов таъин карда шуд.

spot_imgspot_img

Популярное