Боздошти кормандони ҳукумати шаҳри Ваҳдат ба гумони порагирӣ

Сармутахассиси ҳукумати шаҳри Ваҳдат Раҳмиддин Ҳалимов ва корманди дастгоҳи раиси шаҳр Рамазон Беков ба гумони даст доштан дар порагирӣ ба маблағ 5 ҳазор доллари ИМА аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ боздошт шуданд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Агентии мазкур хабар дод, кормандони боздоштшудаи ҳукумати шаҳр ба ивази […]

ASIA-Plus



Сармутахассиси ҳукумати шаҳри Ваҳдат Раҳмиддин Ҳалимов ва корманди дастгоҳи раиси шаҳр Рамазон Беков ба гумони даст доштан дар порагирӣ ба маблағ 5 ҳазор доллари ИМА аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ боздошт шуданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Агентии мазкур хабар дод, кормандони боздоштшудаи ҳукумати шаҳр ба ивази 5 ҳазор доллари ИМА ба сокини маҳаллӣ Ф.Х. ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтмони манзилро ваъда кардаанд.

«Кормандони ҳукумати шаҳри Ваҳдат бо далели шайъӣ дар ҳуҷраҳои кориашон боздошт шуданд ва тафтиш идома дорад», – гуфт манбаъ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.