Президент раҳбарияти ширкати «Барқи тоҷик»-ро иваз кард

Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» иваз карда шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ба ҷойи Раиси қаблии ин ширкат Аслиддин Назарзода, ки бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифа озод карда шуд, Рустам Раҳматзода Раиси Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи Барқи тоҷик таъин карда шуд. Рустам […]

ASIA-Plus



Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» иваз карда шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ба ҷойи Раиси қаблии ин ширкат Аслиддин Назарзода, ки бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифа озод карда шуд, Рустам Раҳматзода Раиси Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи Барқи тоҷик таъин карда шуд.

Рустам Раҳматзода, ки то ин вақт Раиси ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд буд, мутахассиси варзида ва таҷрибадори соҳаи иқтисод ва идораи давлатӣ мебошад.

Ба ҷои Мирзо Маҳмудзода ба вазифаи Муовини якуми раиси Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи Барқи тоҷик Ҷамшед Бобоев ва ба ҷойи Сулаймони Қосим ба вазифаи Муовини раиси ин ширкат Баҳром Азимов таъин карда шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.