Дастури президент оид ба аттестатсияи кормандони ширкати «Барқи тоҷик»

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки барои муайян намудани мувофиқати тахассусии кормандони ширкати «Барқи тоҷик» ба вазифаҳои ишғолнамуда, санҷиши натиҷаҳои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ, сатҳи дониш, малака ва маҳорати касбии онҳо ҳамаи кормандони он аз аттестатсия гузаронда шаванд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, таъкид гардид, ки сифат ва самаранокии кори Ширкати саҳҳомии холдингии […]

ASIA-Plus



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки барои муайян намудани мувофиқати тахассусии кормандони ширкати «Барқи тоҷик» ба вазифаҳои ишғолнамуда, санҷиши натиҷаҳои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ, сатҳи дониш, малака ва маҳорати касбии онҳо ҳамаи кормандони он аз аттестатсия гузаронда шаванд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, таъкид гардид, ки сифат ва самаранокии кори Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи Барқи тоҷик ва хусусан ҳолати иқтисодию молиявии ин ширкати бонуфуз бояд баланд бардошта шавад.

Гуфта мешавад, дар робита ба беҳсозии ҳолати молиявии Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи Барқи тоҷик таъкид гардид, ки таваҷҷуҳи махсус ба фаъолияти роҳбарият ва кормандони раёсати фурӯши барқ зоҳир карда шавад, то ки ҳолатҳои номатлуб ба мисли азхудкунии ғайриқонунии маблағҳо, рӯйпӯш намудани дуздии муштариён, аз меъёрҳои маъмулӣ зиёд нишон додани талафоти технологию тиҷоратии нерӯи барқ аз миён бардошта шавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.