Баста шудани дафтари кории ҲНИТ дар Панҷакент

Ҳукуматдорони шаҳри Панҷакент дафтари кории Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ин шаҳрро бастанд. Бино ба иттилои сомоани расмии ҲНИТ, мақомоти иҷроияи давлатӣ дар шаҳри Панҷакент гуфтаанд, дафтари кории бахши ҲНИТ дар ин шаҳр расман ба қайд гирифта нашудааст, биное, ки ҳаст, ҳамчун мағоза ба қайд гирифта шудааст ва барои статуси идораи маъмурӣ ҳисоб шудани ин […]

ASIA-Plus



Ҳукуматдорони шаҳри Панҷакент дафтари кории Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ин шаҳрро бастанд.

Бино ба иттилои сомоани расмии ҲНИТ, мақомоти иҷроияи давлатӣ дар шаҳри Панҷакент гуфтаанд, дафтари кории бахши ҲНИТ дар ин шаҳр расман ба қайд гирифта нашудааст, биное, ки ҳаст, ҳамчун мағоза ба қайд гирифта шудааст ва барои статуси идораи маъмурӣ ҳисоб шудани ин бино қарори раиси шаҳр лозим будааст.

Сино Ҳасанзода, масъули бахши ҳизб дар шаҳри Панҷакент дар ин робита изҳор намудааст, ки нахуст ҳукумат онҳоро хотиррасон карда буд, ки аз сабаби дар канори роҳ будани дафтари ҳизб эҳтимол онро тахриб намоянд. Вақте қарори қаблии хешро дигар карданд ва паҳнои роҳи автомобилгард аз 34 метр ба 18- 20 метр иваз шуд, дафтари ҳизбро бояд вайрон намекарданд, вале ба ҳар ҳол, қисмати бино тахриб гардидааст.

Масъулини бахши ноҳиявии ҲНИТ талош карданду боқимондаи онро обод карданд, вале боз ҳам ин ба ҳукуматдорон маъқул наомад. Ахиран, онҳо рӯи биноро “палатка” кашида, гуфтаанд, фаъолияти ҳизб дар ин ҷо манъ мебошад, чун бино ҳамчун макони тиҷорӣ сабти ном шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.