Иқтидори саноатии шаҳри Истиқлол эҳё мегардад



Давоми солҳои 2014-2017 дар шаҳри Истиқлол (собиқ Табошар)-и вилояти Суғд ҳадди ақал се корхонаи бузурги саноатӣ мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт, ки ҳудуди 3 ҳазор нафар сокинони маҳаллиро бо ҷойҳои корӣ таъмин мекунанд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, бо мақсади ошноӣ пайдо намудан аз вазъи иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Истиқлол раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба ин минтақа сафари корӣ анҷом дод.

Раиси вилоят рафти корҳои сохтмониро дар коргоҳи “Нуқрафом”-и шаҳри мазкур мавриди таваҷҷӯҳ қарор дод. Иттилоъ дода шуд, ки дар назди кони “Канҷол” корхонаи маъдантозакунӣ ва истеҳсоли нуқра бунёд карда мешавад. Сохтмони коргоҳ моҳи апрели соли ҷорӣ оғоз ёфта, мувофиқи нақша моҳи сентябри соли равон мавриди барҳабардорӣ қарор мегирад. Корхона аз ҷониби ширкати “Силвер-Сил” – и Шветсария ва ҶДММ “Дастинаи ҶТ” бунёд ёфта, наздик 200 нафар сокинонро бо ҷои кор таъмин месозад. Иқтидори солонаи коргоҳ ба коркарди 100 ҳазор тонна маъдан дар як сол ва истеҳсоли 6 тонна нуқра баробар мебошад.

Айни замон дар ин мавзеъ 30 нафар сохтмончиёну мутахассисон фаъолият дошта, корҳои бинокорӣ босуръат ҷараён дорад. Коргоҳ пурра бо дастгоҳ ва таҷҳизоти замони муосир муҷаҳҳаз гардонида мешавад. Иттилоъ дода шуд, ки техникаву таҷҳизот аз Ҷумҳурии мардумии Чин дастрас гардида, бо ҷалби мутахассисони чинӣ васлу насб карда мешавад.

Дар шаҳри Истиқлол роҳбари вилоят ба ҷараёни бунёди 2 коргоҳи саноатӣ мароқ зоҳир кард. Бояд қайд намуд, ки ба сохтмони ин коргоҳҳо аз ҷониби Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон санги асос гузошта шуда буд ва то имрӯз корҳои лоиҳакашӣ ба итмом расонида шуда, гузаронидани хатти об ва бунёди обанбори сунъӣ ҷараён дорад. Тавре зикр гардид, ҳарду корхона бо харҷи 500 миллион доллари амрикоӣ сохта ва таҷҳизонида шуда, дар онҳо наздики 2,5 ҳазор нафар бо кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд. Комбинати металлургии Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин дорои иқтидори коркарди 50 ҳазор тонна сурб ва 50 ҳазор тонна руҳ дар як сол мебошад. Комбинати металлургӣ идомаи бунёди силсилаи корхонаҳои Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин мебошад. Истихроҷ ва коркарди маъдани руҳу сурб чанд сол қабл дар корхонаи навбунёди “Зарнисор” оғоз ёфта буд.

Роҳбари вилоят аз ҷараёни сусти корҳо изҳори нигаронӣ намуда, ҷиҳати вусъати корҳо ба роҳбарияти коргоҳ маслиҳатҳои муфид дод. Ҳамчунин якчанд мушкилоти ҷойдошта, ки аз тарафи роҳбарияти коргоҳ баён карда шуд, аз ҷониби Раиси вилоят ҳаллу фасл гардид. Сохтмони корхона соли 2014 оғоз ёфта, қисмати коркарди сурб соли 2016 ва қисмати коркарди руҳ соли 2017 ба кор дароварда мешавад.

spot_imgspot_img

Популярное