«Шабакаҳои барқи ҷанубӣ» дар Қӯрғонтеппа зеристгоҳ месозад

Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Шабакаҳои барқи ҷанубӣ» ба сохтмони зеристгоҳи 110/35/10 кВ дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҳусни оғоз бахшиданист. Мутобиқи қарори ҳукумат, барои сохтмони зеристгоҳи мазкур 1 гектар замин (обёришаванда)-и хоҷагии деҳқонии «Наврӯз»-и шаҳри Қӯрғонтеппа ҷудо карда шуд. Мувофиқи моддаи 42-и Кодекси замини Тоҷикистон, бо мақсади азхудкунии заминҳои нав ба ивази замини ҷудошуда, ҶСК «Шабакаҳои барқи ҷанубӣ» […]

Заррина Эргашева



Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Шабакаҳои барқи ҷанубӣ» ба сохтмони зеристгоҳи 110/35/10 кВ дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҳусни оғоз бахшиданист.

Мутобиқи қарори ҳукумат, барои сохтмони зеристгоҳи мазкур 1 гектар замин (обёришаванда)-и хоҷагии деҳқонии «Наврӯз»-и шаҳри Қӯрғонтеппа ҷудо карда шуд.

Мувофиқи моддаи 42-и Кодекси замини Тоҷикистон, бо мақсади азхудкунии заминҳои нав ба ивази замини ҷудошуда, ҶСК «Шабакаҳои барқи ҷанубӣ» ба ҷуброни маблағи 108 ҳазору 567 сомонӣ ба буҷети кишвар ба сифати воситаҳои рӯёнида аз талафоти истеҳсолоти кишоварзӣ уҳдадор аст. «Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезияи Тоҷикистон ба ворид намудани тағйирот ба ҳуҷҷатҳои замину кадастр вазифадор карда мешавад», – зикр мегардад дар қарори ҳукумат.

Бино ба маълумоти ШСХК «Барқи тоҷик», ҶСК ««Шабакаҳои барқи ҷанубӣ» дар ноҳияҳои Хуросон, Румӣ, Бохтар, Сарбанд, Шаҳритӯс, Носири Хусрав, Қумсангир, Панҷ, Вахш, Қубодиён, Ҷиликӯл ва Ҷомии вилояти Хатлон ба тақсим ва фурӯши нерӯи барқ машғул мебошад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.