500 ҳазор сомонӣ баҳри тезонидани корҳои ободонии боғи Камоли Хуҷандӣ

Бо мақсади вусъат бахшидан ба корҳои ободонии боғи Камоли Хуҷандии маркази вилояти Суғд ва таҳлили корҳои то ба имрӯз иҷрошуда вобаста ба азхудкунии заминҳои дашти Сомғор бо иштироки масъулини соҳа дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷаласаи навбатии назди Раиси вилоят баргузор гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, нахуст бобати корҳои […]

ASIA-Plus



Бо мақсади вусъат бахшидан ба корҳои ободонии боғи Камоли Хуҷандии маркази вилояти Суғд ва таҳлили корҳои то ба имрӯз иҷрошуда вобаста ба азхудкунии заминҳои дашти Сомғор бо иштироки масъулини соҳа дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷаласаи навбатии назди Раиси вилоят баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, нахуст бобати корҳои то имрӯз ба сомон расидаи боғи Камоли Хуҷандӣ ва масъалаҳои муҳими мавҷдуа дар самти навсозии боғ  роҳбари ҶДММ «Ситораи Беназир» Ато Ризоӣ  суханронӣ намуда,  таъкид дошт, ки дар ин мавзеъ мақбараи Камоли Хуҷандӣ, чорбоғи Камол, хонамузе, майдони истироҳатӣ ва нишастгоҳҳои маданӣ сохта хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, масоҳати умумии боғи мазкур 4 гектарро дар бар гирифта, фармоишгари лоиҳа Идораи сохтмони асосии вилоят ба шумор меравад. Дизайни боғ ва мақбара аз ҷониби мутахассисони эронӣ тартиб дода мешавад. Тибқи лоиҳа боғи маданӣ ва фарҳангиву фароғатии Камоли Хуҷандӣ то охири соли ҷорӣ пурра бояд омода карда шавад. Тавре мутахасиси эронӣ баён дошт, аз сабаби мавҷудияти баъзе мушкилиҳо корҳои лоиҳакашӣ то ба ҳол дар сатҳи зарурӣ анчом дода нашудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки роҳбари вилоят Абдураҳмон Қодирӣ аз раванди сусти корҳо изҳори нигаронӣ намуда, иброз дошт, ки бояд дар ин самт корҳо ҷоннок карда шаванд. Раиси вилоят дастур дод, ки барои суръат бахшидани раванди корҳо аз буҷаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 500 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.