Истеҳсоли семент дар Тоҷикистон қариб 100% зиёд шуд

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли семент дар Тоҷикистон 496,6 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 473 ҳазор тонна зиёдтар аст. Аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки пешсафи истеҳсоли семент дар кишвар ширкати «Хуксаин Ғаюр семент» мебошад, ки 362,8 ҳазор […]

Заррина Эргашева



Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли семент дар Тоҷикистон 496,6 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 473 ҳазор тонна зиёдтар аст.

Аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки пешсафи истеҳсоли семент дар кишвар ширкати «Хуксаин Ғаюр семент» мебошад, ки 362,8 ҳазор тонна аз ҳаҷми умумии истеҳсол ба ҳиссаи ин ширкат рост меояд. «Дар ин давра «Тоҷиксемент» 101,6 ҳазор тонна семент истеҳсол карда, дар истеҳсоли ҳиссаи боқимондаи ин масолеҳи сохтмон корхонаҳои хурди ҷумҳурӣ саҳм гузоштанд», – гуфтанд дар вазорат.

Ба иттилои манбаъ, дар «Тоҷиксемент» алҳол ду оташдони ба истифодаи ангишт ба сифати сӯзишворӣ гузаронидашуда кор мекунанд. «Дар ин корхона 6 оташдон мавҷуд буда, раҳбарияти корхона дарк мекунад, ки барои пурра ба истифодаи ангишт ба сифати сӯзишворӣ гузаронидани тамоми оташдонҳо таҷдиду азнавсозии пурраи корхона зарур буда, айни замон баҳри ин тадбирҳо андешида мешаванд», – гуфт манбаъ.

Қобили зикр аст, ки соли 2013 дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ 385 ҳазор тонна семент истеҳсол крада шуд ва ин ҳам дар ҳолест, ки талаботи солонаи ҷумҳурӣ ба ин масолеҳои сохтмон беш аз 1,5 млн. тоннаро ташкил медиҳад. Камбуди семент аз ҳисоби воридоти он асосан аз Покистон, Афғонистон, Эрон, Русия, Қазоқистон ва Қирғизистон бароварда мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.