Содир шудани 4 ҳукми судии эътирофи бегуноҳӣ дар ним сол

Зимни нишасти хабарии рӯзи 7-уми июл раиси Шӯрои адлияи Тоҷикистон Зафар Азизов изҳор кард, ки дар зарфи ним сол судҳои ҷумҳурӣ 4 ҳукми эътирофи бегуноҳи содир намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз нисф камтар аст. «Бояд гуфт, ки ҳукмҳои эътирофи бегуноҳӣ ба ҳеҷ ваҷҳ ба нафъи мансабдорони давлатӣ, ки дар қонуншиканӣ айбдор […]

Мавзуна Абдуллоева



Зимни нишасти хабарии рӯзи 7-уми июл раиси Шӯрои адлияи Тоҷикистон Зафар Азизов изҳор кард, ки дар зарфи ним сол судҳои ҷумҳурӣ 4 ҳукми эътирофи бегуноҳи содир намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз нисф камтар аст.

«Бояд гуфт, ки ҳукмҳои эътирофи бегуноҳӣ ба ҳеҷ ваҷҳ ба нафъи мансабдорони давлатӣ, ки дар қонуншиканӣ айбдор шудаанд, қабул нагардидаанд», – таъкид дошт ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, дар ин давраи ҳисоботӣ ду далели ришвахорӣ миёни намояндагони мақомоти судӣ ошкор ва собит шуда, айни замон нисбати боз як судя тафтиш идома дорад.

Раиси Шӯрои адлия зикр кард, ки дар нимсолаи аввал судҳои кишвар дар маҷмӯъ 63 ҳазору 891 парвандаҳоро баррасӣ кардаанд, ки дар муқоиса бо нимсолаи аввали соли гузашта беш аз 1,5 ҳазор парванда камтар аст.

«Аз ин шумор 5 ҳазору 561-тоашон парвандаҳои шаҳрвандӣ, 17 ҳазорашон парвандаҳои шаҳрвандии оилавӣ, беш аз 25 ҳазорашон парвандаҳо дар бораи қонуншикании маъмурӣ (аз ҷумла 336-тоаш оид ба риоя накардани қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ва 5 ҳазору 167 парвандаи марбут ба риоя нашудани қонун дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд) ва ғайра мебошанд», – афзуд Зафар Азизов.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.