ҲНИТ аз ҳукумати вилояти Суғд барои таъмири иншооти варзишӣ иҷозат мепурсад



Иддае аз варзишгарони вилояти Суғд ба шуъбаи ҲНИТ дар вилоят муроҷеъ шудаанд, то дар ростои таъмири толору варзишгоҳҳо кӯмакашон намоянд.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии ҲНИТ, Илҳомҷон Ёқубӣ, масъули шуъбаи ҲНИТ дар вилояти Суғд гуфтааст, унвонии З. Мирдадоев, раиси Раёсати ҷавонон, варзиш ва саёҳии вилояти Суғд мактуб кардаанд, ки ин масъули вилоятӣ ризоият бидиҳад, то шуъбаи ҲНИТ дар вилоят «таъмири ин иншоотҳоро ба уҳда бигирад».

Гуфта мешавад, ин ҳам дар ҳолест, ки варзишгарон ҷиҳати рафъи ин мушкилот ба мақомот низ муроҷиат кардаанд.

Ба қавли масъули шуъбаи ҳизб, манзури варзишгарон кӯмак кардани эшон дар робита ба тармими варзишгоҳҳо дар навоҳии Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Зафаробод, Спитамен ва Ашт мебошад.

spot_imgspot_img

Популярное