Кумитаи андоз аз ҶДММ «Созидание» 67 млн. $ рӯёниданист

Бар асоси қарори Суди иқтисодии шаҳри Душанбе, Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон аз ҶДММ «Созидание» маҷбуран қарзҳои андозро рӯёниданист. Қобили зикр аст, ки соли 2013 Кумитаи андоз маблағи зиёди қарз аз андози ҶДММ «Созидание» – молики меҳмонхонаи панҷситорадори Hyatt Regency Dushanbe ва Маркази тиҷоратии дараҷаи А «Созидание» дар Душанберо ошкор намуд. Мушкилоти ширкат бо мақомоти […]

ASIA-Plus



Бар асоси қарори Суди иқтисодии шаҳри Душанбе, Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон аз ҶДММ «Созидание» маҷбуран қарзҳои андозро рӯёниданист.

Қобили зикр аст, ки соли 2013 Кумитаи андоз маблағи зиёди қарз аз андози ҶДММ «Созидание» – молики меҳмонхонаи панҷситорадори Hyatt Regency Dushanbe ва Маркази тиҷоратии дараҷаи А «Созидание» дар Душанберо ошкор намуд.

Мушкилоти ширкат бо мақомоти андоз пас аз санҷиши маҷмӯии такрории пардохти андозҳои тайи панҷ соли охир оғоз гардиданд.

Бино ба маълумоти ширкат, тибқи натиҷаҳои санҷиши такрорӣ, Кумитаи андоз аз рӯи андозҳои гуногун ба маблағи умумии

177,11 млн. сомонӣ

пардохти дубора анҷом дода, бар асоси он аз ҳисоби фоиз ва ҷаримаҳо ҳамчунин мутаносибан дар ҳаҷми

99,05 млн

. ва

46,20 млн. сомонӣ

пардохти дубораи маблағҳоро амалӣ кард.  Маблағи умумии пардохтҳои дубора аз рӯи санади санҷиши пардохти андоз

322 млн. 352 ҳазору 898 сомонӣ

ё худ

67 млн. доллари ИМА

-ро ташкил доданд.

Дар бораи маҷбуран ситонидани қарз аз андози ширкати мазкурро Кумитаи андоз дар

сомонаи расмии худ

хабар додааст.

Дар маълумот зикр мегардад, ки маблағи қарз аз пардохти андоз ошкор шуда, далели саркашӣ намудан аз пардохти андозҳо дар Суди иқтисодии Душанбе собит шудааст.

« Санҷиши такрорӣ ва маҷмӯии риояи қонунгузории андоз дар ҶДММ “Созидание” барои давраҳои фаъолияти он аз 1 январи соли 2009 то 1 декабри соли 2013 гузаронида шуда, ошкор шудааст, ки муассиси ягонаи ҶДММ “Созидание” ширкати WTT Hotels one Limited-иҶумњурии Кипр (№152002 аз 09.09.2004), ки дорои 100% ҳиссаи иштирок бо арзиши номиналии 327200 сомонӣ мебошад, ҳиссаи худро ба ширкати “SUNLINK LIMITED-и Ҷумҳурии Кипр (№235728 аз 11.08.2008), ба маблағи 100 млн. доллари ИМА фурӯхта, аммо аз ин амалиёт андоз аз даромад ҳисоб ва пардохт накардааст», – гуфта мешавад дар маълумот.

Кумитаи андоз қайд мекунад, ки бо назардошти ба ширкати SUNLINK LIMITED-и Ҷумҳурии Кипр мутааллиқ будани тамоми ҳиссаи ҶДММ «Созидание», ширкат ба Русия муносибати ҳуқуқи надорад ва ширкати Кипр мебошад.

«Ҳамзамон ҶДММ “Созидание” новобаста аз асоснокии гузаронидани санҷиш ва дурустии маблағҳои барилова ошкор ва ҳисобгардида, бо натиҷаҳои санҷиш розӣ нашуда, дар бораи беэътибор донистани санадҳои Кумитаи андоз ва амалҳои шахсони мансабдори он ба Суди иқтисодии шаҳри Душанбе бо ариза муроҷиат намуд. Санаи 29-уми майи соли 2014 суд даъвои ширкатро қонеъ накард. Шоҳидони бевоситаи ин намояндагони сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон ва Намояндагии тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон мебошанд, ки дар мурофиаҳои судӣ иштирок доштанд», – омадааст дар маълумоти Кумитаи андоз.

Гуфта мешавад, маблағи қарз аз андози ҶДММ «Созидание» бар асоси қонунгузории Тоҷикистон ошкор ва ҳисоб карда шуда, Кумитаи андоз барои маҷбуран ситонидани қарзи мавҷуда чораҳои дахлдор меандешад.

Дар ҳамин ҳол, аз ҶДММ «Созидание» ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки аз болои қарори суд ба Суди олии иқтисодии Тоҷикистон шикояти кассатсионӣ (аз 30.06.2014 сол) бурда, ба тантанаи адолат умедворанд.

Дар ширкат шарҳ доданд, ки талаботи пардохти андоз дар робита ба фурӯши 100%-и ҳисса дар сармояи оинномавӣ, ки миёни муассиси пешини он WTT Hotels One Limited ва иштирокчии кунунии он – Sunlink Limited дар соли 2011 сурат гирифт, беасос аст, зеро ҷамъият тарафи ин муомилот набуд ва мутаносибан даромад ҳам ба даст наоварда, тибқи Кодекси андози ҶТ, ки замони анҷоми муомилот амал мекард, набояд ба сифати агенти андоз эътироф мешуд.

Зимнан зикр гардид, ки ҳабси амвол ва маҷбуран рӯёнидани қарзҳо аз андоз ба фаъолияти натанҳо маркази тиҷоратӣ, балки меҳмонхонаи Hyatt Regency Dushanbe-и мутааллиқ ба ширкат низ таъсири манфӣ расонида метавонад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.