Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Анонс – Дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ нишасти хабарии шабакаи телевизионии «Сафина» доир мегардад. Оғоз соати 09-00; – Дар бинои маркази санитарию эпидемиологӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ нишасти хабарии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ барпо мешавад. Оғоз соати […]



Анонс



– Дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ нишасти хабарии шабакаи телевизионии «Сафина» доир мегардад. Оғоз соати 09-00;

– Дар бинои маркази санитарию эпидемиологӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ нишасти хабарии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ барпо мешавад. Оғоз соати 11-00;

– Дар бинои Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ нишасти хабарии Палатаи мазкур баргузор мешавад. Оғоз соати 09-00.



Қ


урби


асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА – 

4.9452

сомонӣ;


1

евро –

6.7703

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.14


55

сомонӣ.  



Як р


ӯ


зи таърих




1928

– И.Сталин дар бораи ташаннуҷи муборизаи синфӣ дар роҳи наздик шудан ба сотсиализм як шиор пешниҳод кард.


1996

– Корхонаи муштараки «Тоҷик Тел»-и Тоҷикистону Ҳолланд шабакаи алоқаи телефони мобилӣ дар Тоҷикистонро ба истифода дод.


1941-2008

– Зодрӯзи нависанда Азиз Раҳим.


1954

– Мавлуди гидролог, нависанда Александр Пиров.



Вазъи обу


ҳ


аво


Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +21+26, рӯзона +36+41, дар доманакӯҳҳо шабона +15+20, рӯзона +30+35.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +18+23, рӯзона +34+39, дар доманакӯҳҳо шабона +8+13, рӯзона +23+28.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +15+20, рӯзона +34+39, дар доманакӯҳҳо шабона +10+15, рӯзона +27+32.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.      

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +11+16, рӯзона +28+33;  дар шарқи вилоят шабона 0+5, рӯзона +12+17.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона +16+18, рӯзона +36+38.


Дар шаҳри Хуҷанд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона +20+22, рӯзона +37+39.


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +21+23, рӯзона +39+41.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +31+33.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.