Эмомалӣ Раҳмон бо сафири Қирғизистон хайрухуш кард

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Қирғизистон дар Тоҷикистон Урмат Саралаевро бинобар анҷом ёфтани муҳлати сафириаш ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот доир ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносиботи ҳамсоягӣ ва ҳамкории гуногунпаҳлӯи Тоҷикистону Қирғизистон суҳбати судманд сурат гирифт. Гуфта мешавад, Урмат Саралаев изҳор доштааст, […]



Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Қирғизистон дар Тоҷикистон Урмат Саралаевро бинобар анҷом ёфтани муҳлати сафириаш ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот доир ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносиботи ҳамсоягӣ ва ҳамкории гуногунпаҳлӯи Тоҷикистону Қирғизистон суҳбати судманд сурат гирифт.

Гуфта мешавад, Урмат Саралаев изҳор доштааст, ки бо истифода аз таҷриба ва равобите, ки дар Тоҷикистон касб кардааст, минбаъд низ барои таҳким ва густариши муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши ду кишвари ҳамсоя саҳми худро мегузорад.

Урмат Саралаев соли 1975 таваллуд шудааст.  Санаи 20-уми октябри соли 2010 бо фармони президенти Қирғизистон Урмат Саралаев сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон таъин шуда буд.

Ба ҷойи ӯ сафир нави Қирғизистон дар Тоҷикистон Мирослав Ниёзов таъин шуд. Мирослав Ниёзов соли 1951 таваллуд шуда, собиқ раиси Шӯрои амният ва қаблан низ намояндагии дипломатии Қирғизистон дар Тоҷикистонро роҳбарӣ кардааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.