Таъсиси комиссияҳои муқовимат бо коррупсия дар саросари кишвар

Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо коррупсия, ки имрӯз дар Душанбе таҳти раёсати нахуствазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода доир гардид, нақшаи кории Шӯро барои солҳои 2014-2015 тасдиқ карда шуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» узви Шӯро, раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Сатторов хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, назди аъзои Шӯро дар бораи […]

Аваз Юлдошев



Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо коррупсия, ки имрӯз дар Душанбе таҳти раёсати нахуствазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода доир гардид, нақшаи кории Шӯро барои солҳои 2014-2015 тасдиқ карда шуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» узви Шӯро, раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Сатторов хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, назди аъзои Шӯро дар бораи фаъолият оид ба иҷрои тавсияҳои созмонҳои байнулмилалӣ дар самти муқовимат бо коррупсия роҳбарони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Прокуратураи генералии Тоҷикистон гузориш доданд.

«Шӯро ҳамчунин муқаррароти намунавии комиссияҳои муқовимат бо коррупсияро, ки дар назди мақомоти ҳокимияти давлатии тамоми шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳо таъсис дода мешаванд, низ тасдиқ намуд», – қайд кард Сатторов.

Зимнан зикр гардид, ки дар кори ҷаласаи Шӯро ба ҷуз аъзои он, ҳамчунин роҳбарони чанде аз созмонҳои байнулмилалии муқими Душанбе низ ширкат варзиданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.