Чанде қабл зимни мулоқоти вазири молияи Тоҷикистон Абдусалом Қурбонов бо роҳбари департаменти федералии молияи Швейтсария хонум Эвелин Видмер-Шлюмпф дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои молияву бонкӣ баррасӣ шуданд.
Бино ба иттилои котиботи Вазорати молияи ҶТ, дар мулоқот ба ҷараёни амалисозии лоиҳаҳои муштараки байниҳукуматӣ ва ҳамчунин таҳкиму густариши робитаҳои дуҷониба дар бахши тиҷорат таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.
Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо ҳамзамон атрофи масъалаҳои ҷалби сармояи Швейтсария ба соҳаҳои ояндадори Тоҷикистон, рушди соҳибкорӣ ва тиҷорату бахши хусусӣ, ҷорисозии технологияҳои нав ва табодули таҷриба миёни кишварҳо дар сатҳҳои гуногун ва шаклҳои қобили қабул, ки ба рушди иқтисоди Тоҷикистон мусоидат карда тавонанд, низ табодули назар намуданд.
Гуфта мешавад, вазири молияи Тоҷикистон нақши Швейтсария дар баргузории ислоҳот дар бахши молияи ҷумҳуриро махсусан таъкид намудааст.



