Муҳлати ҳабси адвокати Зайд Саидов боз 2 моҳ дароз шуд



Муҳлати дар ҳабс нигоҳ доштани Фахриддин Зокиров, яке аз адвокатҳои соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов ба муҳлати ду моҳ, то 6-уми сентябр дароз карда шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» Бузургмеҳр Ёров, адвокати Ф.Зокиров хабар дод, ин қарори суд рӯзи 6-уми июл бо дархости корманди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Фирдавс Ниёзбадалов қабул карда шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, бинобар сабаби мушкил будани тафтиши парванда, корманди Агентии зиддифасод аз суд дархост намудааст, ки муҳлати ҳабси гумонбаршуда 2 моҳ дароз карда шавад ва дар навбати худ, суд ин дархостро қонеъ намудааст. Қарори нахусти дароз кардани муҳлати дар ҳабс нигоҳ доштани адвокат

санаи 6-уми май

қабул шуда буд.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи март Фахриддин Зокиров аз ҷониби кормандони Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ 

боздошт шуд. 

Ӯ ба содир намудани ҷинояти пешбинишуда тибқи моддаи 247-и КҶ ҶТ (Қаллобӣ) гумонбар дониста мешавад.

Фахриддин Зокиров ва як ҳаммаслаки ӯ ба он гунаҳкор дониста мешаванд, ки тариқи тартиб додани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ аз «Тоҷиксодиротбонк» дар ҳаҷми 1 млн. доллари ИМА қарз гирифтаанд.

spot_imgspot_img

Популярное