Муҳлати ҳабси адвокати Зайд Саидов боз 2 моҳ дароз шуд

Муҳлати дар ҳабс нигоҳ доштани Фахриддин Зокиров, яке аз адвокатҳои соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов ба муҳлати ду моҳ, то 6-уми сентябр дароз карда шуд. Тавре ба «Азия-Плюс» Бузургмеҳр Ёров, адвокати Ф.Зокиров хабар дод, ин қарори суд рӯзи 6-уми июл бо дархости корманди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Фирдавс Ниёзбадалов қабул карда […]

Мавзуна Абдуллоева



Муҳлати дар ҳабс нигоҳ доштани Фахриддин Зокиров, яке аз адвокатҳои соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов ба муҳлати ду моҳ, то 6-уми сентябр дароз карда шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» Бузургмеҳр Ёров, адвокати Ф.Зокиров хабар дод, ин қарори суд рӯзи 6-уми июл бо дархости корманди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Фирдавс Ниёзбадалов қабул карда шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, бинобар сабаби мушкил будани тафтиши парванда, корманди Агентии зиддифасод аз суд дархост намудааст, ки муҳлати ҳабси гумонбаршуда 2 моҳ дароз карда шавад ва дар навбати худ, суд ин дархостро қонеъ намудааст. Қарори нахусти дароз кардани муҳлати дар ҳабс нигоҳ доштани адвокат

санаи 6-уми май

қабул шуда буд.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи март Фахриддин Зокиров аз ҷониби кормандони Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ 

боздошт шуд. 

Ӯ ба содир намудани ҷинояти пешбинишуда тибқи моддаи 247-и КҶ ҶТ (Қаллобӣ) гумонбар дониста мешавад.

Фахриддин Зокиров ва як ҳаммаслаки ӯ ба он гунаҳкор дониста мешаванд, ки тариқи тартиб додани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ аз «Тоҷиксодиротбонк» дар ҳаҷми 1 млн. доллари ИМА қарз гирифтаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.