Вазорати мудофиа: 70%-и қисмҳои низомӣ бо камераҳои видеойӣ муҷаҳҳазанд

70%-и қисмҳои низомии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон бо камераҳои мушоҳидаи видеойӣ муҷаҳҳазанд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, бо қарори ҳукумати Тоҷикистон, тамоми муассисаҳои вазорат – сар аз дастгоҳи марказӣ то қисмҳои низомӣ то соли 2015 бояд бо камераҳои мушоҳидаи видеойӣ муҷаҳҳаз карда шаванд. […]

Меҳрангез Турсунзода



70%-и қисмҳои низомии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон бо камераҳои мушоҳидаи видеойӣ муҷаҳҳазанд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, бо қарори ҳукумати Тоҷикистон, тамоми муассисаҳои вазорат – сар аз дастгоҳи марказӣ то қисмҳои низомӣ то соли 2015 бояд бо камераҳои мушоҳидаи видеойӣ муҷаҳҳаз карда шаванд.

Маҳмадалиев қайд кард, ки камераҳо дар қаламрави қисмҳои низомӣ дар ҳама ҷо – даромадгоҳ, ҳавлӣ, ошхона, хобгоҳ, толори варзишӣ ва ғайр аз ин, дар деворҳои атрофи қисмҳои низомӣ насб гардидаанд, то ки тамоми қаламрави қисми ҳарбӣ таҳти мушоҳидаи доимӣ қарор дошта бошад.

Дар ҳамин ҳол, ӯ аз ҳисоби кадом воситаҳо ҷудо шудан ва ҳаҷми маблағи масрафмешуда барои насби камераҳои видеойиро мушаххасан нагуфт.

Хизматчиёни ҳарбӣ аллакай нақши камераҳои мушоҳидаи видеойиро мусбат арзёбӣ намуда, умедворанд, ки мавҷудияти онҳо ба аз байн рафтани падидаи бузургсолорӣ (дедовшина) дар артиш мусоидат мекунад.

«Баъди насби камераҳои мушоҳидаи видлеойӣ муносибат бо мо беҳтар шуд ва умуман чӣ будани «дедовшина» фаромӯш шуд», – гуфт дар суҳбат бо хабарнигори «Азия-Плюс» яке аз хизматчиёни нерӯҳои марзбонӣ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.