Крупнов: Аз қолаби телевизионии тоҷики камсавод дур мебояд шуд

Дар ҷараёни муколамаи видеоии «Русия – Тоҷикистон: назорати шиносномавӣ» раиси Шӯрои нозирони Донишкадаи демография, муҳоҷират ва рушди минтақавӣ Юрий Крупнов изҳор намуд, ки ба назорати раванди муҳоҷират аз Тоҷикистон ба Русия ҷорӣ шудани шиносномаҳои хориҷӣ ва таъсиси омӯзишгоҳҳои касбӣ дар ҷумҳурӣ кумак мекунад. Бино ба иттилои «Парламентская газета» , Крупнов қайд кард, ки ҷорӣ шудани […]

ASIA-Plus



Дар ҷараёни муколамаи видеоии «Русия – Тоҷикистон: назорати шиносномавӣ» раиси Шӯрои нозирони Донишкадаи демография, муҳоҷират ва рушди минтақавӣ Юрий Крупнов изҳор намуд, ки ба назорати раванди муҳоҷират аз Тоҷикистон ба Русия ҷорӣ шудани шиносномаҳои хориҷӣ ва таъсиси омӯзишгоҳҳои касбӣ дар ҷумҳурӣ кумак мекунад.

Бино ба иттилои

«Парламентская газета»

, Крупнов қайд кард, ки ҷорӣ шудани тартиби убури марз бо истифода аз ҳуҷҷати табодули байнулмилалӣ ҷойгузини (алтернативаи) реҷаи раводид мебошад.

«Тоҷикистон барои мо кишвари хориҷӣ нест, – таъкид дошт коршинос. – Муносибатҳои мо набояд ба масъалаҳои танги муҳоҷират маҳдуд шаванд, балки дар ҳамкорӣ бо Тоҷикистон Русия метавонад мушкилоти зиёдеро ҳаллу фасл намояд. Бо роҳандозии рушди индустрияи Афғонистон, Русия ва Тоҷикистон метавонанд аз қочоқи маводи мухаддир халосӣ ёбанд».

Ғайр аз ин, ба андешаи Крупнов, замони раҳоӣ ёфтан аз қолабҳо – қолаби аз ҷониби телевизион офаридаи тоҷики камсаводу нодон  фаро расидааст, то ки муносибатҳои дуҷонибаро ба сатҳи нав расонид.

Ӯ таъкид дошт, ки Тоҷикистонро зарур аст, ки ба қабули қарор дар бораи узвият ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) шитоб кунад. Крупнов бар ин назар аст, ки вазъи рухдода дар Украина дар Осиёи Марказӣ ҳам метавонад такрор шавад.

«Мо хеле ба оҳистагӣ Иттиҳоди Авруосиёро бунёд мекунем. Иттиҳоди Аврупо муддати 40 сол бунёд шуд, вале барои ин мо фурсат надорем. Маҳфили коршиносони Осиёи Марказӣ, ки ҷаласаи нахустинаш 12-уми июн дар Душанбе доир гардид, маҳз барои кумаки ҳирфаӣ кардан ба Тоҷикистон ҷиҳати ҳамгиройӣ ба Иттиҳоди Авруосиё нигаронида шудааст», – афзуд Юрий Крупнов.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.