Кӯшиши навбатии Тоҷикистону Қирғизистон ҷиҳати ба созиш расидан



Нимаи дуюми имрӯз дар шаҳри Исфара ҷаласаи муштараки ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба таъйин в аалоамтгузорӣ дар марзи давлатӣ бо иштироки муовинони нахуствазирони кишварҳо Муродалӣ Алимардон ва Абдураҳмон Маматалиев доир мегардад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати вилояти Суғд хабар дод, дар ҷаласаи мазкур ҷонибҳо бори навбатӣ кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод, ки дар масъалаи сохтмони роҳҳои мошингарди Кӯтош-Оқсой-Тамдик-Кишемиш ва Исфара-Ворух ба мувофиқа расанд.

«Ҳайатҳои ҳукумати баҳри раҳоӣ аз сардаргумие, ки пас аз вохӯрии рӯзи 7-уми июл ба вуҷуд омадаву дар масъалаи сохтмони роҳҳои мазкур созиш ба даст наомад, талош хоҳанд варзид», – зикр кард манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки ҳарду ҷониб ҳам хостори онанд, ки баҳсу эътирозҳо бояд то сафари расмии сарвари давлати Қирғизистон Алмаз Отамбоев ба Душанбе, ки моҳи сентябр пешбинӣ шудааст, ҳаллу фасл шаванд.

Қаблан иттилоъ дода будем, ки маълумоти дар Қайроққум ба мувофиқа нарасидани ҷонибҳо дар сохтмони роҳро аҳолии маҳаллии шаҳри Исфара бо яъсу ноумедӣ қабул карда, дар ин ҷо то қадре

нооромии вазъ

ба мушоҳида мерасад. 

spot_imgspot_img

Популярное