Кӯшиши навбатии Тоҷикистону Қирғизистон ҷиҳати ба созиш расидан

Нимаи дуюми имрӯз дар шаҳри Исфара ҷаласаи муштараки ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба таъйин в аалоамтгузорӣ дар марзи давлатӣ бо иштироки муовинони нахуствазирони кишварҳо Муродалӣ Алимардон ва Абдураҳмон Маматалиев доир мегардад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати вилояти Суғд хабар дод, дар ҷаласаи мазкур ҷонибҳо бори навбатӣ кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод, ки […]

Аваз Юлдошев



Нимаи дуюми имрӯз дар шаҳри Исфара ҷаласаи муштараки ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба таъйин в аалоамтгузорӣ дар марзи давлатӣ бо иштироки муовинони нахуствазирони кишварҳо Муродалӣ Алимардон ва Абдураҳмон Маматалиев доир мегардад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати вилояти Суғд хабар дод, дар ҷаласаи мазкур ҷонибҳо бори навбатӣ кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод, ки дар масъалаи сохтмони роҳҳои мошингарди Кӯтош-Оқсой-Тамдик-Кишемиш ва Исфара-Ворух ба мувофиқа расанд.

«Ҳайатҳои ҳукумати баҳри раҳоӣ аз сардаргумие, ки пас аз вохӯрии рӯзи 7-уми июл ба вуҷуд омадаву дар масъалаи сохтмони роҳҳои мазкур созиш ба даст наомад, талош хоҳанд варзид», – зикр кард манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки ҳарду ҷониб ҳам хостори онанд, ки баҳсу эътирозҳо бояд то сафари расмии сарвари давлати Қирғизистон Алмаз Отамбоев ба Душанбе, ки моҳи сентябр пешбинӣ шудааст, ҳаллу фасл шаванд.

Қаблан иттилоъ дода будем, ки маълумоти дар Қайроққум ба мувофиқа нарасидани ҷонибҳо дар сохтмони роҳро аҳолии маҳаллии шаҳри Исфара бо яъсу ноумедӣ қабул карда, дар ин ҷо то қадре

нооромии вазъ

ба мушоҳида мерасад. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?