Имзои Ёддошт миёни Вазорати саноат ва ширкати Ҳиндустон

Миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ва корхонаи давлатии ҶСК «Heavy Engineering Corporation»-и Ҳиндустон Ёдддошти тафоҳум ва ҳамкорӣ ба имзо расид. Созишнома дар доираи сафари раҳбарияти ширкати Ҳиндустон ба Тоҷикистон рӯзи 9-уми июл дар Душанбе ба имзо расида, зери он вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шавкат Бобозода ва директори идоракунандаи ширкати «Heavy Engineering […]

Заррина Эргашева



Миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ва корхонаи давлатии ҶСК «Heavy Engineering Corporation»-и Ҳиндустон Ёдддошти тафоҳум ва ҳамкорӣ ба имзо расид.

Созишнома дар доираи сафари раҳбарияти ширкати Ҳиндустон ба Тоҷикистон рӯзи 9-уми июл дар Душанбе ба имзо расида, зери он вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шавкат Бобозода ва директори идоракунандаи ширкати «Heavy Engineering Corporation» Вишваҷи Сахай имзо гузоштанд.

Аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар робита ба ин масъала иттилоъ доданд, ки дар ёддошт манфиатдории ҳарду ҷониб ба роҳандозии ҳамкорӣ дар самтҳои мушаххас – рушди саноати вазнин, бунёди корхонаи сементбарорӣ дар Тоҷикистон, дастгирии лоиҳакашии коркарди кони ангишти «Зиддӣ», таҳвил ва шиносоӣ бо технологияҳо, таҳвили таҷҳизоти кӯҳкории ширкати Ҳиндусттон барои саноати истихроҷи ангишт ва ғайра ифода ёфтааст.

Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин ҷонибҳо ҷиҳати суръат бахшидан ба ҷорисозии технология ва таҷҳизоти нав ва дастгирии лоиҳаҳои минбаъдаи дорои иқтидори сатҳи баланд бо мақсади рушди технологияҳои инноватсионӣ ва таҳкими ҳамкорҳои дуҷониба низ ба мувофиқа расиданд.

Дар Вазорати мазкур мутмаинанд, ки роҳандозии ҳамкорӣ бо ин ширкат ба рушди ин соҳа, афзоиши кормандон ва мутахассисони соҳибтахассус дар бахшҳои дар боло зикршудаи саноат мусоидат мекунад.

Зимнан зикр гардид, ки дар доираи ин тавофуқот ҷонибҳо оид ба омодасозии кадрҳо, табодули мутахассисон, маълумот, қобилияту малака дар бахши технология ва амалисозии лоиҳаҳои муштарак тадбирҳо меандешанд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.