ХМК: Тарифҳои истифодаи об боло мераванд

Зимни нишасти хабарии имрӯза роҳбари КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» (ХМК) Алимурод Тағоймуродов изҳор намуд, ки тарифҳои истифодаи оби нӯшокӣ дар Тоҷикистон бояд тадриҷан боло бурда шаванд. Ба гуфтаи ӯ, имрӯз истеъмолгарон барои ҳар як метри мукааби об 80 дирам пардохт мекунанд ва ин ҳам дар ҳолест, ки арзиши аслии 1 метри мукааби он беш аз […]

Пайрав Чоршанбиев



Зимни нишасти хабарии имрӯза роҳбари КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» (ХМК) Алимурод Тағоймуродов изҳор намуд, ки тарифҳои истифодаи оби нӯшокӣ дар Тоҷикистон бояд тадриҷан боло бурда шаванд.

Ба гуфтаи ӯ, имрӯз истеъмолгарон барои ҳар як метри мукааби об 80 дирам пардохт мекунанд ва ин ҳам дар ҳолест, ки арзиши аслии 1 метри мукааби он беш аз 2 сомониро ташкил медиҳад.

«Бо назардошти қобилияти пардохтпазирии аҳолӣ, мо ба гузаштҳои муайяне розӣ шудем, вале агар тадриҷан нархи обро ба арзиши аслии он наздик накунем, корхонаи мо муътадил фаъолият карда наметавонад», – иброз дошт вай.

Ба қавли роҳбари корхона, қарзҳо аз истифодаи обро асосан корхонаву ташкилотҳои давлатӣ пардохт намекунанд, ки миёни онҳо КВД «Ширкати алюминии тоҷик» мақоми хосса дорад.

Тағоймуродов қайд кард, ки айни замон маблағи қарзи КВД «Ширкати алюминии тоҷик» дар назди корхона 3,3 млн. сомониро ташкил медиҳад. «Тайи ду соли ахир ин корхона ба мо ягон дираме ҳам пардохт намекунад. Ин мушкилотест, ки мо дар пайи ҳалли он ҳастем. Чандин маротиба ба раҳбарияти ширкат муроҷиат намудем, аммо мушкилот то ҳанӯз ҳалношуда боқӣ мемонад», – гуфт ӯ.

Ба гуфтаи Тағоймуродов, 98%-и маблағҳои ҷамъоваришуда барои истифодаи обро пардохтҳои ҷамъоваришуда аз аҳолӣ ташкил медиҳанд. «Дар масъалаи пардохти маблағи истифодаи об мо бо аҳолӣ ҳеҷ мушкилие надорем», – зикр кард вай.

Роҳбари корхона ҳамчунин зикр кард, ки дар саросари кишвар ҷараёни насби обҳисобкунакҳо идома дорад. «Мо кӯшиш дорем, ки тадриҷан барои ҳамаи истеъмолгарон обҳисобкунак насб созем, то ки аз нархи об огоҳ бошанд. Имрӯз камбуди об дар ҷумҳурӣ шадид аст ва 51%-и аҳолӣ ба оби нӯшокӣ дастрасӣ надорад», – гуфт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки танҳо дар пойтахт шабонарӯзӣ 675 ҳазор метри мукааб об истифода мешавад. «Барои мисол, дар шаҳри Алмаато бо аҳолии 2 млн. нафар шабонарӯзӣ ҳамагӣ 600 ҳазор метри мукааб об масраф мегардад», – афзуд номбурда.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.