Youtube – қатъи навбатии дастрасӣ аз ҷониби Хадамоти алоқа?

Ширкатҳои фароҳамсози интернет дастрасӣ ба видеохостинги Youtube-ро боз қатъ карданд, вале Хадамоти алоқа изҳор мекунад, ки ҷиҳати қатъи дастрасӣ ба он дастур надодааст. Чанде аз корбарони интернети Тоҷикистон хабар доданд, ки аз субҳи рӯзи 9-уми июл ба видеохостинги Youtube дастрасӣ надоранд. Инҳо корбарони ширкатҳои фароҳамсози интернети Сатурн Онлайн, Вавилон Т, Мегафон Тоҷикистон, Телеком Техноложи, Tcell […]

Меҳрангез Турсунзода



Ширкатҳои фароҳамсози интернет дастрасӣ ба видеохостинги Youtube-ро боз қатъ карданд, вале Хадамоти алоқа изҳор мекунад, ки ҷиҳати қатъи дастрасӣ ба он дастур надодааст.

Чанде аз корбарони интернети Тоҷикистон хабар доданд, ки аз субҳи рӯзи 9-уми июл ба видеохостинги Youtube дастрасӣ надоранд. Инҳо корбарони ширкатҳои фароҳамсози интернети Сатурн Онлайн, Вавилон Т, Мегафон Тоҷикистон, Телеком Техноложи, Tcell ва ғайра мебошанд.

Раиси Ассотсиатсияи интернет-провайдерони Тоҷикистон Асомиддин Атоев ба «Азия-Плюс» қатъи дастрасӣ ба видеохостинги Youtube дар Тоҷикистонро тасдиқ намуда, илова кард, ки рӯзи 9-уми июл бидуни шарҳи сабаб дар ин бора Хадамоти алоқа дастури шифоҳӣ додааст.

Аммо дар Хадамоти алоқа далели қатъи дастрасӣ ба видеохостингро рад карданд. Ба қавли Алибек Бекназаров, сардори раёсати иттилоотонии интернет-провайдери миллии «Тоҷиктелеком», Хадамоти алоқа ҷиҳати қатъи дастрасӣ ба Youtube дастур надодааст. «Ман айни замон дар Кӯлоб буда, аз ширкати Мегафон истифода мекунам ва ҳозир видеохостинги Youtube-ро санҷидам, ки боз мешавад», – гуфт номбурда.

Ёдрас мекунем, ки ширкатҳои фароҳамсози интернети Тоҷикистон як моҳ қабл, аз 10-уми июн низ дастрасӣ ба видеохостинги Youtube-ро қатъ намуда, рӯзи 16-уми июн дубора барқарор карданд.

Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон дастрасӣ ба YouTube ва баъзе сомонаҳои муайян давра ба давра қатъ мегардад. Ахиран дастрасӣ ба YouTube соли 2013, дар остонаи интихоботи президентӣ қатъ гардида буд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.